Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ майор...
-Дар куҷо мегардед?
-Ҳамроҳи капитани милиса Хоҷаев дар пункти такягоҳи ҷамъиятии рақами 5.
-Сардор худатро кофта гаштааст.
-Чаро нагуфтед, ки банда аз пайи супориши эшон рафтам?
-Баръакс, ман ба эшон гуфтам, ки ба кӯчаи Бухоро рафтам ва шуморо дар он маҳал надидам, вале иттиллоъ гирифтам, ки аз ахлотқуттӣ далелҳои шайъиро пайдо намудед.
-Он ҳама сабурии шумо куҷо шуд, рафиқ майор?
-Боз чӣ гап шуд, ё шумо он далелҳоро наёфтед?
-Мо дар он ахлотқуттии зормонда хеле ҷунбуҷӯл намудем ва шояд ба бахти худи мо буд, ки дар латтапорае шишаи шикастаеро, ки аз рӯйи навиштаҷоти болояш аз шишаи вино буданаш шаҳодат медиҳад, ёфта, ба қавле муҳру имзо монда гирифтем, вале...
-Вале чӣ?
-Охир канӣ кафолат, ки ин шиша ҳамон далели шайъист?
-Боз чӣ?
-Вориди осиёб шуда кӣ бе гард баромадааст? Аминам, ки маро мефаҳмед...
-Эй ба ростӣ, аз дидани он манзара таъби ман ҳам коста гашт. Наход милиса шудаю барои ёфтани кадом як шишаи май тамоми ахлотқуттиро такурӯ намоӣ, - ба ёд овардам ман суханони нафареро, ки имрӯз ба ҷой Сабоҳати Комил дар дидбонгоҳ менишаст ва гуфтам:
-Фаҳмидам.
-Гумон мекунам, агар мо соате боз тағофул намоем, осмон ба замин омада намерасад, ё мехоҳед, ки мо дар ҳамон шакли...
-Не, не. Оғозу анҷоми ҳама кор тартибу низомро тақозо мекунад ва аз хотир набароред, ки шумо дар милиса кору фаъолият доред.
-Шуморо фаҳмидам, - гуфт мусоҳибам ва телефонро хомӯш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё