Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Агар хато накунам, фаъолияти идораи шумо бархилофи доираи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.
- Дигар чӣ ҷойи пинҳон намудан, ҳақ ба ҷониби шумост.
- Яъне, ки яке аз самтҳои фаъолияти идораи шумо ин интиқоли маводи мухаддир аст?
- Ман ин суханро аз забони шумо мешунавам.
- Аминам, ки сухани бандаро инкор намекунед?
- Не, албатта.
- Яъне, ки Сайёд Ватан он ҳаштод ҳазор долларро ба ивази маводи мухаддир мебурд.
- Инашро ман намедонам.
- Чӣ хел?
- Чунки кор дар идора, ки ба қавли шумо ман шомилаш ҳастам, тарзе ба роҳ монда шудааст, ки дасти чап чӣ кор кардани дасти ростро намедонад.
- Яъне, кор дар сатҳи баланд, бо риояи қоидаҳои бехатарӣ, чун ҳалқаҳои занҷир кашида шудааст ва чун дар алоҳидагӣ ҳалқае шиканад, худи шадда корношоям нагардад.
- Бале.
- Модоме ки худи сарпараст шуморо мешиносад, пас ба хулосае омадан мумкин, ки шумо ҳам дар синдикат мақому манзалати хешро доред?
- Доштам.
- Акнун чи?
- Ранг бину ҳол пурс.
- Ҳа, албатта, аёнро чӣ ҳоҷати баён? Ба фикрам, вақти он расидааст, ки ному насаб ва суроғаи сарпарастро мегуфтед.
- Ман аниқ гуфта наметавонам, он нафаре, ки ҳаштод ҳазор долларро баҳри интиқоли минбаъда ба дастам дод, звенои болоист ва ё…?
- Ва ё аз вай болотаре ҳам ҳаст, ҳамин хел?
- Мутлақо дуруст.
- Инаш чандон аҳамият надорад.
- Чӣ хел аҳамият надорад?
- Чунки оғозу анҷоми ҳама гуна калоба нӯги ришта аст.
- Шумо боварӣ доред, ки ба воситаи банда то фатҳи қулла мерасед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор