Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Албатта. Хуш, ному насаби нафаре, ки он маблағро баҳри интиқоли минбаъда ба дастатон дод?
  • Дороб Қамар.
  • Ў чӣ кора аст?
  • Собиқ командири гурўҳи "Сипар", ки то баровардани қӯшунҳои шўравӣ дар хоки Афғонистон ҷангидааст.
  • Шуморо вай худаш даъват кард?
  • Не. Дигар шахсон.
  • Ному насаби онҳо?
  • Номи як нафараш Сайф дигарашро намедонам.
  • Рафту бинедашон чӣ?
  • Албатта, мешиносамашон.
  • Рабудани Шерзод кори дасти кадоме аз онҳост?
  • Кори дасти ҳамин ду худозада.
  • Далел?
  • Дирўз сари субҳ, дар ҳоле ки ҳамсарам Шерзодро ба боғча бурд, ман аз паси оинаи тиреза Сайфро дар рў ба рўйи бино, дар тарафи муқобил, паси дарахти чинор дидам.
  • Ин ҳанўз далел шуда наметавонад.
  • Чаро?
  • Шояд ўро дар маҳаллаи шумо ягон кори дигар баромадааст.
  • Ман ҳам ҳаминро фаҳмидан мехостам, ки ўро чӣ коре ба ин маҳал овардааст ва чун модари Шерзод аз боғча баргашт ва бандаро паси тиреза дида, сабаби он ҷо нишастанамро пурсон шуд, гуфтам наздиктар биё ва ба тарафи дигари кўча нигоҳ кун.
  • Худаш чӣ гап?
  • Ана, яке аз ҳамонҳое, ки бандаро қариб ба он дунё фиристод, паси дарахти чанор нишаста, чашм аз даромадгоҳи бинои мо намеканад, - гуфтам ман.
  • Бовар намекунам, - гуфт модари Шерзод, ки ҳанўз дар пеши дари хонаи шафат меистод.
  • Биёву бин! - амр намудам ман. Дар ҳамин муддате, ки банда бо ҳамсарам суҳбат доштам, нигоҳамро ба тарафи мусоҳибам дӯхта будам. Чун модари Шерзод омад ва ҳар қадар ба берун нигарист, чизеро надид. Ман ҳам хеле кўшиш ба харҷ додам, ки Сайфро бубинам, муроде ҳосил нашуд, гумон намудам, ки ўро замин фурў бурдааст.
пешина
аз 527
навбатӣ