Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар ҳамин ҳолат фикре ба сарам омад.
- Чӣ фикр?
- Охир мавқеи хешро иваз намудани онҳое, ки сарпарастии бандаро ба душ доштанд, ба ҳолате рост омад, ки модари Шерзод аз боғча баргашт. Дар ҳамон лаҳза ман фаҳмидам, ки агар хатаре ҳам таҳдид кунад, он ба Шерзод таҳдид мекунад. Ҳамин фикрамро ба ҳамсарам фаҳмондаму ӯро аз нав ба боғча фиристодам, вале афсўс…
- Чаро дар ин бора ба милиса занг назадед, ба замми ин боз садди роҳи кормандони боғча гаштед, ки ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд?
- Ман нахостам ҳаёти Шерзодро дар хатар гузорам.
Гумон намудам, ки онҳо дар бораи он маблағ аққалан бо ман тариқи телефон гуфтугў мекунанд ва чун боварӣ ҳосил намуданд, ки дар ҳақиқат он маблағ дар дасти ман нест, Шерзодро сар медиҳанд, вале тайи ҳамин муддат ба ҷуз он ки Шерзод як маротиба бо телефон овоз рӯшан намуд, дигар бо ман алоқа барқарор накарданд. - Шояд гумон доранд, ки шумо худатон пулҳои гумшударо гирифта, ба назди сарпараст меравед?
- Намедонам.
- Сайёд Ватан дар куҷо ба садамаи автомобилӣ дучор шудааст?
- Дар маҳаллаи Дударгии ноҳияи Файзбор.
- Мошин ба дарё рафтааст?
- Не, мошин сӣ - чил метр аз дарё болотар қарор гирифтааст.
- Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки пулҳо гум шудаанд, шояд онҳо дар милисаи ноҳияи Файзбор бошанд.
- Ба фикрам, милисаи ноҳияи Файзбор, дар бораи он дипломати пул маълумоте надорад.
- Шумо худатон санҷидед?
- Не, онҳое, ки ба сари хонадони мо чунин ташвишу изтиробро овардаанд.
- Албатта, онҳо рост ба милиса рафта напурсиданд, ки дипломати пул дар куҷост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор