Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воҳид Камол аз гӯшаи миз айнакашро гирифта, болои чашм гузошта, нигоҳашро ба он лисони овардаи мо дӯхт...
Дар замоне, ки сарвари милиса ба қироати ҳуҷҷатҳои овардаи Ҷомии Шариф машғул буд, банда дар атрофи ногузир будани кушодани “ОПД” (Парвандаи ҷустуҷуии оперативӣ) андеша намудам. Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намудан ман ҳамеша тарафдори каломи “тезии корд - дар нӯги корд” будам, вале бо ҳама ҷаҳду талош ҳам ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омадаро дирӯз мо дар ҳолати гармиаш ҳаллу фасл карда натавонистем. Ёдрас мешавам, ки дар рӯзи аввали содиршавӣ ҳама гуна ҷиноят таваҷҷуҳи аҳли назар ба он бештар аст ва ҳамаи инро сабаб он аст,ки дар рӯзи аввали ҳодиса кормандони зиёдеро барои кушодашавии он сафарбар мекунанд ва дар замири онҳо нисбат ба нафар ё нафароне, ки пой болои қонун гузоштаанд, нафрат ҷӯш мезанад ва ҳар кӣ мехоҳад дар кушодани ҷиноят аз дигаре бартарии бештаре ба даст оварад ва ҳар нафаре дар ин самти ҷабҳа на аз тарс, балки аз рӯйи виҷдон амал мекунанд. Дар ин ҷо фаъолияти оперативии милисаро метавон дар муқобили кори онҳое гузошт, ки ҷустан ва ёфтани тиллоро ба душ доранд. Онҳое, ки ба ёфтани тилло камар мебанданд, дар рӯзҳои аввали кор қабати болоии заминро аз хок тоза мекунанд ва ин амал то замоне давом мекунад, ки ҷӯяндагон то ба сахтии қишри замин нарасанд ва чун ба ҳамон қабати сахти хок расиданд, умед бар он мебанданд, ки тиллои дар он ҷо асрҳо хуфтаро дигар аз онҳо роҳи гурез нест ва ҳамагон яку якбора ба “ҳуҷум”мегузаранд. Дар корҳои ҷустуҷӯӣ нафар ё нафароне, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд, дар рӯзи аввал шояд дар кунҷаку дар зери бинии милиса нишаста, худ наззора дорад, ки милисаро чӣ андешае дар сар аст ва аз ҳамин лиҳоз эшон самти хатти мудофиаро роҳандозӣ хоҳад кард. Рафту дар рӯзи аввад ҳуҷум ба милиса ёфтани шоҳидон ё гумонбаршудагон муяссар нашавад, рӯзҳои баъдӣ ин амал мушкилоти бештареро ба бор хоҳад овард ва онҳое, ки дар рӯзи аввали сар задани ҳодиса бо тамоми сайъю кӯшиш талош варзиданд, рӯзҳои баъдӣ бинобар ҷалб намуданашон ба корҳои рӯзмарра ҳамин имконро аз даст хоҳанд дод.

пешина
аз 527
навбатӣ