Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сардор лифофаро кушода, аз дохили он мактуб ва кассетаи хурдеро ба андозаи қуттии гӯгирд берун овард.
Сараввал ў ба варақи аз дохили лифофа берун омада чашм дўхт. Чун коғаз дар зери грифи махфӣ буд, ў худ ҳамоно матни дар он омадаро зери лаб қироат намуда гуфт: "Ях шикаст".
Дар зери ин мафҳум чӣ розҳое ниҳон буд, ба ҷуз худи вай боз ду нафар медонистанд.

  • Ба ҷуз сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев ва капитани милиса Сорбони Ҳомид дигарон аз пайи кор шавед, - амр намуд Ҳамид Ҷовид.
    Чун ҳамаи он афсароне, ки аз хизматҳои гуногуни ШКД буданд ва нияти гузаронидани амалиёти якҷояро доштанд, аз дар баромаданд, соҳиби дафтари корӣ диктофонро аз сейфи дар паҳлуи дасти росташ буда берун овард ва он кассетаеро, ки акнун муъҷизаро мемонд ба дохилаш гузошта, тугмачаеро пахш намуд. Дар лаҳзаи аввал ба ҷуз шарах - шурух дигар садое ба гўш нарасид ва ниҳоят овозе рӯшан шуд:
    -“Шеф ин ман.
  • Вай канӣ?
  • Ҳусейн Акбар?
  • Ман чанд бор таъин намудам, ки номи ҳамдигарро ҳангоми мухобира ба забон наоваред!
  • Бубахшед шеф, бубахшед.
  • Боз такрор мекунем, ки девор муш дораду муш гўш.
  • Фаҳмидам шеф, дигар такрор намешавад.
  • Аз вай худозада ягон хабаре ҳаст?
  • Не.
  • Ба фикрам, ў некиро намефаҳмад.
  • Чӣ бояд кард?
  • Ҳамин шаб ўро ба назди ман ҳозир намоед. Канӣ бинем аз куҷо мехонад?” - гуфт шахсе, ки боре ҳам номашро касе тайи ин муддат ба забон наовард ва гўшакро ба ҷояш гузошт.
  • Ба гумонам, ях шикаст, - гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
  • Пеш аз пода чанг андохтан чӣ лозим? - эътироз намуд Сорбони Ҳомид.
пешина
аз 527
навбатӣ