Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Худи вазъи ба вуқуъпайваста тақозо мекунад, ки мо ба вай бовар намоем.
- Маҳз ҳамин ҳолат кори моро сабуктар мекунад. Худи ҳозир бо вай суҳбат намудан лозим. Дар бораи Дороб Қамар ва он ду шогирди худозадааш ҳарчи бештар маълумот ба даст оварданамон лозим. Ташкил намоед, канӣ бубинем Талбони Гул онҳоро мешиносад ё не?
- Хуб шудааст, - чун сарвари гурўҳ ваъда дод Тоҳир Додобоев.
- Акнун аз пайи кор шавед,-ба ҳамагон худоҳофизӣ намуд Ҳамид Ҷовид.
Баъди даҳ дақиқаи танҳоӣ котиба ҷузвдони чармини ранги сурхдоштаро оварда, ба гўшаи чапи мизи сардор гузошт. Чун ў дарро аз самти муқобил пўшид, Ҳамид Ҷовид тамокуи нимсўхтаи дасташро ба хокистардони мармарини сиёҳ партофта, ҷузвдонро ба даст гирифту коғазҳои дохилашро, ки аз арзу шикоят ва мактубу хабарҳои мақомотҳои гуногун иборат буданду шабонарўзи охир тариқи котибот ворид шуда буданд, ба даст гирифт. Ҳамид Ҷовид ҳар як ариза, нома ё хабарро мутоила намуда, дар гўшаи чапи он номи шахси масъулеро, ки ариза, нома ё хабар ба хизмати вай дахл дошт, менавишт. Ниҳоят чун ў номаи ҳафтумро аз рўйи шумури тартибӣ ба даст гирифт, онро бозёфти рўз номид. Ў номаи мазкурро дубора қироат намуд, ки матлабаш чунин буд:
“Ба сардори ШКД ноҳияи Сарчашма полковники милиса Ҳамид Ҷовид Ба мактуби тариқи телефакс фиристодаи шумо хабар медиҳем, ки ҳодисаи сангчарх дар мавзеи Дударгӣ таваҷҷуҳи нафареро, ки худро корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" муаррифӣ кардааст, бедор намудааст.
Ному насаби корманде, ки дар боло зикраш рафт, Дарвеши Мўсо буда, тахминан сиву ду - сиву панҷсола аст. Ба хабар фотороботи Дарвеши Мўсо (агар дар ҳақиқат ин номи аслии вай бошад) илова карда мешавад. Ҳамзамон, ба маълумоти шумо мерасонем, ки нисбати ҳодисаи сангчарх дар мавзеи Дударгӣ ШКД ноҳияи Файзбор далелҳои дигар низ ба даст овардааст. Агар дар ин бора таваҷҷуҳ дошта бошед, метавонед нафареро аз кормандонатон, ки санҷиши ҳодисаи мазкурро ба душ дорад, бо ШКД ноҳияи Файзбор фиристед…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор