Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Сардори ШКД-и ноҳия Файзбор майори милиса Ҳикмат Зариф.” Ҳамид Ҷовид дар гўшаи мактуб чунин навишт: “Сорбони Ҳомид, санҷида бароед. Имзо, таърихи рўз.” Баъди мутолиа ва хулосабарорӣ ҳамаро аз нав ба дохили ҷузвдон гузошта, боз ба ҳамон гўшаи миз гузошта тамокуи навбатиро оташ дода, сипас тугмачаи паҳлуи мизро зер намуд. Котиба дарро кушода интизори фармон шуд.
- Ҷузвдонро ба котибот бурда супоред!
Сорбони Ҳомид қарибиҳои шом ба Файзбор расида, рост ба идораи милиса рафт. Дар он ҷо ба ҷуз навбатдор ва ёрдамчии вай дигар касе набуд. Чун ӯ дар либоси ғайринизомӣ буд ва худро корманди милиса гуфта муаррифӣ намуд, навбатдор дар навбати аввал каме даступо хӯрда, хост ба сардораш занг занад.
- Лозим нест, - гуфт Сорбони Ҳомид.
- Шумо, рафиқ капитан, аз вазорат…
- Ман аз вазорат не, аз раёсат ҳам не. Ман аз ШКД ноҳияи Сарчашма, дар асоси номаи сардори шумо Ҳикмат Зариф барои муайян намудани коре ба ин ҷо омадам.
- Рухсат диҳед, дар бораи омаданатон ба сардор хабар диҳам.
- Ихтиёратон.
- Ҳикмат Зариф марди мефаҳмидагӣ ҳастанд. Вай ҳамеша таъкид мекунад, ки…
- Чаро хомўш шудед? - хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
- Чӣ гўям?
- Росташро.
- Вай ҳамеша таъкид мекунад, ки бисёре аз кормандони мақомоти болоии милиса баҳри дарёфти камбудиҳо худро ошкор намекунанд, рафту шумо ҳам…
- Яъне, ки шумо то кунун ба суханони банда бовар накардед?
- Ман бовар кардам, вале кӣ медонад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор