Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Сорбони Ҳомид шаҳодатномаи хизматӣ ва рухсатии хизматиашро бароварда, ба дасти навбатдор дод.
- Акнун бовар намудам, - ба ҳуҷҷатҳо шинос шуда гуфт навбатдор ва онҳоро баргардонид.
- Ба фикрам, то фардо субҳ моро мурод ҳосил намешавад.
- Намедонам.
Сорбони Ҳомид бо навбатдор худоҳофизӣ намуда, аз бинои милиса берун шуд.
Файзбор ба вай писанд омад. Бубин ҳатто милисааш ҳам дар хоби ноз аст, на милисаро парвои касест ва на касеро парвои милиса.
Ҳама аҳли ҷаҳон чун ғофиланд, аз ҳоли ҳам Фонӣ, На кас парвой ман дорад, на ман парвои кас дорам.91
-гӯён ӯ аз зинаҳои Тайи чанд дақиқае, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид дар милисаи ноҳияи Файзбор қарор дошт, ба чунин хулоса омад. Шабро дар меҳмонхона рўз намуда, сари субҳ боз ба милиса омад. Навбатдор ўро то дафтари кории Ҳикмат Зариф, ки аз омаданаш хабар дошт, гусел намуд.
Баъди шиносоӣ сардори ШКД майори милиса Ҳикмат Зариф меҳмонро ба рафти ҳодисаҳои дар атрофи сангчархи мавзеи Дударгӣ шинос намуд. Тасдиқи фикри сарвари ШКДро дигар ҳуҷҷатҳои характери таъҷилӣ дошта, ки Ҳикмат Зариф баҳри шиносоӣ ба ихтиёри Сорбони Ҳомид гузошта буд, мукаммалтар мекард. - Бад не, - сар аз болои ҳуҷҷатҳо бардошта гуфт меҳмон.
- Ба ростӣ, некиеро дар ҳодисаи мазкур пешбинӣ кардан ба гумон аст.
- Рафиқ майор, агар зид набошед, банда бо он писарбача вомехўрдам.
- Бо Қодири Ашўр?
- Бале.
Ҳикмат Зариф гўшаки телефони дохилиро бардошт ва чун навбатдор гулӯ рӯшан кард, амр намуд, ки Муртазо Дўстро ба назди вай ёфта фиристанд.
91 Сухан аз Фонии Кашмирӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор