Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Намедонам кадом худобехабаре шуморо ташвиш додааст.
- Худобехабаре мегўӣ? Оё фикр накардӣ, ки даҳони мардумро баста намешавад. Сарҳади давлатиро бастан мумкину даҳони мардумро не. Соате пештар ба хона омада бинам, ки кампир гиря дорад. Сабаб пурсидаму ба бало мондам. Оҳ, кошкӣ гўшҳоям кар мешуданду он суханонро намешунидам. Рост ба хонаи Иброҳим даромада, ўро аз асли воқеа хабардор намудам ва ҳарду якҷоя ба аёдати туву язнамулло ва Шерзодҷон ҷияни ягонаи тағоҷонаш шитофтем.
Ба ростӣ, аз саросемагӣ ягон савғо ҳам наовардем. - Ҳеҷ гап не, - гуфт дадои Шерзод.
- Шумо нон шиканед, ман ба кампир занг зада вазъиятро мефаҳмонам, - гўён Раъно шавҳару бародаронашро дар меҳмонхона танҳо гузошта, ҳамроҳи писарбачааш ба пешайвон баромада, ба хонаи умедаш, ки ҳафтае пеш аз остонаи дараш ноумед баргашта буд, занг зад.
Дар ин муддате, ки вай ҳамроҳи бачааш тариқи телефон бо модар дар тамос буд, ҳамсараш бародаронашро аз рафти воқеаҳои ба сари ў ва хонадонаш омада огоҳ намуд…
Ҳодисаи аз боғча рабудани бачаи шашсола Шерзоди Хушдил баҳри аҳлу байт як табаддулоти бузурге буд ва маҳз ҳамин ҳодиса сабабгори боз бо ҳам пайвастани риштаи хешу ақрабояш гардид. Фарҳоду Иброҳим фаҳмиданд, ки гўштро аз нохун ҷудо кардан ғайриимкон аст ва ғамшарики ҳамшираи хеш буданашонро собит намуданд…
Сорбони Ҳомид чун фаҳмид, ки шуъбаи БДА дар паҳлуи бинои асосии милиса, дар вагонхонае ҷойгир аст, хост ҳамоно қафо баргардад, вале навбатдор, ки марди ҷаҳондидае будааст, ба ёрдамчиаш супориш дод, ки меҳмонро роҳбаладӣ намояд.
- Итоат, рафиқ майор, - ба тарафи навбатдор нигариста, ба таври расмӣ гузориш дод сержанти милиса Паҳлавонов, ки дар ҳақиқат ҳам ҷуссаи паҳлавононае дошт.
Сорбони Ҳомид ҳамроҳи сержант Паҳлавонов аз бинои асосии милиса берун шуданд. Ин даъфа ў ба тарҳи асосии бино, ки дуошёна буду аз рўйи тирезаҳои ҳуҷраҳояшро ҳам муайян намудан мумкин буд, дурусттар назар намуда, ба хулосае омад, ки ду ошёнаи бино бештар аз бистучор ҳуҷра дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор