Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Бинои милисаи ноҳияи Файзобод ҳам чун ҳама дигар биноҳои шаҳру навоҳӣ аз рўйи модели ягонаи солҳои ҳафтодум - ҳаштодуми асри гузашта қомат рост намуда буд ва табиист, ки акнун ба талаботи ҳозира ҷавобгў набуд.
Новобаста аз он, ки сардори шуъбаи БДА дар вагонхонаи назарногире маскан дошт, вале кару фари ўро дида Сорбони Ҳомид ангушти ҳайрат газид.
Баробари ворид шудани Сорбони Ҳомид ва роҳбаладаш вай бо қошу қавоқи гирифта ба сўяшон нимнигоҳе намуда, сипас ҳуҷҷатҳои болои мизи кориашро, ки бе ин ҳам ягон тартиби муайян надоштанд, чаппаю роста намудан гирифт.
Аз намуди зоҳириаш ин марди баландқомату лоғарандоми айнакдор касеро ба хотири Сорбони Ҳомид овард, вале ба ёд оварда натавонист.
- Моддаи чанд? - ниҳоят чашм аз болои коғазҳои рўйи мизаш наканда пурсид вай.
- 125, - бепарвоёна гуфт Сорбони Ҳомид.
- Бо нозири БДА ҳам ҷанҷол кардагистӣ? - ба тарафи мусоҳибаш ҳатто нимнигоҳе накарда гуфт сардор, ки шояд ин лаҳза худро сояи Худо дар замин мепиндошт.
- Аз куҷо фаҳмидед, рафиқ …
- Лейтенанти калон! - худро муаррифӣ намуд соҳиби дафтари корӣ.
- Ҳа, аз куҷо фаҳмидед, рафиқ лейтенанти калон?
- Аз ҳамин пешандоз намуда оварданатон. Ба ростӣ, агар мо кормандони БДА набошем, аз дасти шумо лихачҳо рўзе даҳҳо фалокат рўй доданаш мумкин, - ниҳоят айнакашро аз чашм гирифта, болои мизи кориаш гузошту ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт лейтенанти калон.
Шояд дар ҳамин лаҳза бо кадом як намуди имою ишорае сержант Паҳлавонов вайро ҳушдор сохт, ки ин кас ҳуқуқвайронкунанда не, балки шахси рутбаи ҳарбӣ доштааст, вале ў худ он рутбаро дуруст нафаҳмид, ки яку якбора аз ҷой парида хеста дастҳо пеши бар гуфт: - Бубахшед рафиқ, полковник, бубахшед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор