Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди шикаст додани амалиёти милиса ў Сайф Насим ва Ҳусайн Акбарро, ки аслан дуюминро Акбар ном мебурд, дар қаҳвахонаи назарногире ба ҳузур пазируфта, дастури нав дод.
Аз рўйи дастури нав шогирдон бояд дар маҳаллаи шасту панҷуми шаҳр, ки тобеи дигар ноҳия буд, кулбае ёфта ба иҷора менишастанд.

  • Сайфиддин!
  • Телефонат ҳаст?
  • Ҳа, ана.
  • Канӣ барои озмоиш ба ман бо телефони дуюм як занг фирист, аминам он рақамро фаромўш накардаӣ?
  • Не, албатта, - гўён шогирд чанд рақамеро дар телефони дастиаш зер кард.
    Чун садои занг дар телефони Дороб Қамар баланд шуд, ў аз шогирд хоҳиш намуд, ки симкорти аввалаашро ба вай диҳад. Сипас бо шогирдон хайрухуш намуда гуфт, ки аз рўйи вазъи ба амаломада фардо вай худаш намуди алоқаро муайян хоҳад кард. Дороб Қамар сари роҳ ду симкортро ба дарёчаи Душанбе партофта, худ ба маҳалаи 82 - юм, ба кўчаи Парвин, ба аёдати духтари ҳамсоя рафт...
    Соҳибхона дарро ба рўяш кушода, ба чашмони хеш бовар накард, охир дар рў ба рўйи вай нафаре меистад, ки боре дар ҳолати дармондагӣ дасташ гирифта буд. Дар рў ба рўйи вай собиқ ҳамсоя, нафаре меистод, ки замоне ба ивази ҳазор доллар номусаш бихарид. Аз он вақт чанд сол сипарӣ шуд ва акнун он ҷавонмард пушти дараш рост истодааст.
  • Марҳамат, марҳамат, ба хона гузаред, - каме даступо хӯрда гуфт ҷавонзан.
  • Дар хона касе нест?
  • Нест, марҳамат гузаред!
  • Маро таъқиб мекунанд, агар дар кулбаат баҳри банда ҷой ёфт шавад, чӣ хуб, вагарна рафтанам беҳтар.
  • Некиҳои шуморо Дороб - ака ман то қиёмат фаромўш намекунам, наход гумон кунед, ки…
  • Ташаккур.
  • Марҳамат, ба меҳмонхона гузаред!
    Соҳибхона меҳмонро дуюмбора хайрамақдам гуфта, аз пайи овардани дастархон ба ошхона рафт.
пешина
аз 527
навбатӣ