Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ташвиш накашед, - гуфт меҳмон.
-Ташвиши чӣ, магар ин ҳам ташвиш шуд? Некиҳои шуморо то қиёмат фаромӯш намекунам. Хайр, шумо чӣ хел, бачу кач? - Худоро шукр.
- Гуфтед, ки шуморо таъқиб мекунанд?
- Бале, Ҷамилабону.
- Милиса?
- Бале.
- Метавонед осуда бошед, баъди ҳамон ҳодисае, ки шумо дастам гирифтед, ман дигар ба он кор даст назадам.
- Медонам.
- Аз куҷо?
- Ман ҳамеша шуморо суроғ мекунам.
- Бовар намекунам.
- Чаро?
- Агар маро ёд мекардед, як маротиба ҳам ба суроғам меомадед.
- Ана, омадам - ку.
- Ба ростӣ, аз омаданатон шодам. Ба фикрам, тайи он солҳое, ки мо ҳамсоя будем, ҳамдигарро ин қадар ёд накарда будем.
- Дур бошу дўст бош.
- Агар ҳамон шаб шумо ба имдоди банда намеомадед, Худо медонад, чӣ мешуд?
- Ҳеҷ чиз намешуд.
- Чӣ хел?
- Ҳамин хел одӣ.
- Шўхӣ мекунед?
- Бе шўхӣ мегўям.
- Охир худатон шоҳид, ки онҳо ба номуси банда таҷовуз намудан мехостанд. Шумо бошед, бандаро аз шармандагӣ раҳо намудед.
- Номусатро бошад, худат таслими дигаре намудаӣ - ку?
- Охир ин табиист, маро ҳам бе шавҳар намешуд.
- Вале ў қадри худат надонисту бо дигаре рафт…
- Ман аз шумо қарздорам, қарздор…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор