Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Нафаре, ки акнун бо зиндагӣ падруд гуфта буд, ҳамин баррачаи зеборо ба он дидбонгоҳи манзили истиқоматиаш оварда, калидҳои хонаашро низ ба ӯ бовар кард...
-Чаро?
Ба ин савол ман на он рӯз ва на рӯзҳои баъдӣ посух ёфта натавонистам, вале итминони комил доштам, ки калиди ин муаммо аз дасти Сабоҳати Комил берун нест. Рафту дар он тӯй ба шахсияти ин раққосаи зебо шавҳари Мижгон таваҷҷуҳ зоҳир мекард, амали эшон барои тафтишот чунин муаммои сарбастаеро ба бор намеовард, вале ин ҷо кор баръакс буд. Бо ҳамин андешаҳо дар атрофи раққосаи тӯйгард давр задани мавҷи хотиротам то ба бинои прокуратура расидан, кроссворди ҳалталабе рӯйи саҳфа омад.
-Хайрият роҳи ин биноро аз ёд набаровардаед,-баробари пой ба остонаи дафтари кории муфаттиш гузоштан гуфт нафаре, ки аз рӯйи мақом сарварии гурӯҳи тафтишотиро дар ҳодисаи мазкур ба душ дошт.
-Магар биноеро, ки кормандонаш ҳуқуқи назоратии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро ба душ доранд, ба гӯшаи фаромушӣ дода мешавад?
-Ой, ой, ой! Агар шуморо, рафиқ майор, намешинохтам, ба ҳама он каломи аз забонатон бурун омада бовар мекардам, вале...
-Вале чӣ?
-Дар таҷрибаи корӣ ман касеро надидам, ки бо назоратчиёни қонун чун шумо баҳсу мунозираҳо карда бошад. Баҳсу мунозира он тараф истад, шумо борҳо шефи ин идораро барои аз доираи фаъолияташ баромадан гунаҳкор намудед.
-Агар баҳсе ҳам намуда бошам, на ба мақсади худнамоӣ ва қадру қимати касеро паст задан, балки ба хотири дифои ҳуқуқҳои хеш намудаам.
-Баъзан дар ҷаласаҳои якҷоя ман баҳсу талошҳои шуморо дида суханони хонум Индира Гандиро, ки гуфта буд:
”Ҳуқуқи ба самъи дигарон расонда тавонистани арзи худ аз бузургтарин ҳуқуқҳост, ки тамоми халқҳо, давлатҳо ва созмонҳо бояд ба он эҳтиром гузоранд” – ро ба ёд меорам ва аз ҳамин лиҳоз якҷоя кор кардан бо шуморо хуш дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё