Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Метарсам, ки баъди ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада андешаҳоятонро нисбат ба банда дигар накунед.
-Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд.
-Бояд арз дорам, ки то ба ҳамин лаҳза моро дар ин самти корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ дастоварде нест.
-Аз ҳама муҳимаш ин боварии шахс ба кори дар пешорӯяш баромада мебошад ва итминони комил дорам, ки шумо, рафиқ майор, ба кушодашавии ҳодисаи зикраш дар боло рафта боварӣ доред ё бовариро ҳам чун ҳамон деҳқони крепостноии соли 1861 Русияи подшоҳӣ, ки расмаш дар китобҳои таърихи куҳан ба мо мерос мондааст, аз даст додаед?
-Умед шуълаи охиринест дар ниҳоди инсонӣ.
-Пас агар чунин аст, чаро ман андешаҳоямро нисбат ба шумо дигар мекардам? Охир Москваро ҳам дар як рӯзу ду рӯз насохтаанд.
-Модоме ки дар ин самт мо ба мувофиқа омадем, донистани назари тафтишот дар атрофи ҳодисаи дирӯза бароям ниҳоят муҳим аст.
-Аз оғози рӯзи нав дар филиали бонки “Аврора”, ки то дами вопасин Мижгони Файз сарварии онро ба душ дошт, ман бо қарори хеш гузаронидани санҷиши ҳуҷҷати молиявиро таъин намудам. Сипас бо Фирӯзи Файз сари суҳбат қарор доштам ва натиҷаи он суҳбатро ба ҷуз рӯйи лисон овардан боз ба диктофон ҳам сабт намудам. Кадоме аз ин ду намуди пурсиш бароятон писанд бошад, марҳамат он маводҳо дар ихтиёратон. Хонед ё хоҳед гӯш кунед ва андешаҳои хешро иброз намоед. Сеюм, лаҳзае пеш аз омадани шумо ман бо қарор далелҳои шайъиеро, ки лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф ин субҳ аз ҷой ҳодиса ёфта гирифта овард, ба ЭКО фиристодам. Гумон мекунам тайи як ё ду рӯзи дар пеш истода натиҷааш маълум хоҳад шуд. То ҷое ки аз суҳбат бо ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ фаҳмидам, маҳз ҳамон далелҳои ёфташуда олоти ҷиноятанд. Ба ҳар ҳол, шуълаи умедро дар ин самт мо бо ҳамон шишаи бишкаста фурӯзон медорем,-гуфт муфаттиш Фурӯғи Шариф ва диктофонро ҳамроҳи протоколи пурсиши шоҳид Фирӯзи Файз назди ман гузошта, худ сабуро гирифта барои овардани об рафт...

пешина
аз 527
навбатӣ