Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Тарафи дигари масъала ё худ танга он, ки рўзи 14 октябр аз боғчаи рақами 5 бачаи шашсола Шерзоди Хушдилро ба гарав гирифтанд. Сабаби ба гарав гирифтани бачаи ноболиғ ин бозиҳои пасипардагии худи падараш Хушдил Одил аст. Аз рўйи маълумотҳои ба даст оварда бегоҳии 22 - юм ба 23 - юми сентябр Хушдил Одил чун миёнрав аз нафаре ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, онҳоро ба Сайёд Ватан ном шахс, ки вазифаи курерро адо мекардааст, додааст, то онҳоро дар сарҳад бо роҳи пинҳонӣ ба шаҳрванди ҷумҳурии Афғонистон супорад. Сайёд Ватан ин ҳамон ронандаи мошини ВАЗ - 2107 аст, ки субҳи рўзи 23 сентябр дар зери сангчарх монда, ҷони хеш аз даст дод. Аз рўйи нишондоди Хушдил Одил ҳамон ҳаштод ҳазор доллар, ки маблағи интиқоли маводи мухаддир будааст, дар дипломати сиёҳе, ба Сайёд Ватан дода шудааст.
    Сеюм. Рўзҳои 12 - 13 октябр нафаре худро корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико"
    муаррифӣ намуда, дар маҳаллаҳои атрофи кўҳи Дударгӣ бо суханҳои пардапўшона аз мардуми он минтақа дар бораи он сангчарх маълумот гирифтан хостааст. Чӣ хеле ки қисме аз мо огоҳӣ дорем, амалиёт оид ба дастгиркунии ҳамин кас бебарор анҷомид ва ҳоло ў ва ҳаммаслаконаш дар куҷо панаҳ бурдаанд, намедонем. То ҳамин лаҳза, маълумоти бештаре низ моро дар ин бора дар даст нест.
    Хулоса, сар задани сўхтор дар кўчаи Сурхоб ва амали ба гарав гирифтани писарбачаи шашсола Шерзоди Хушдил давоми ҳодисаи сангчарх дар мавзеи Дударгӣ аст. Мо набояд фаромўш созем, ки ба ҷуз худи мо он ҳаштод ҳазор долларро гурўҳи ҷинояткорон, ки дар интиқоли маводи мухаддир даст доштаанд, ҷустуҷў доранд. Аз нигоҳи мантиқ он ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ дар дасти ҳамон занест, ки тариқи спирти этил дар кўчаи Сурхоб сўхторро ба амал овардааст.
    Маълум нест, ки ба марра мо наздиктарем ё ҷинояткорон.
    Таҳлили парвандаи ҷиноятӣ моро ҳидоят мекунад, шахсе ки тариқи спирти этил сўхторро ба амал овардааст, аз илми кимиё хуб бохабар аст. Мо танҳо ба як чиз умед мебандем ва агар дар ҳамин самт кўшиши дурусте ба харҷ диҳем, ғалаба аз мост.
  • Ба чӣ умед бандем? - савол дод нозири минтақавӣ Зиёев.
пешина
аз 527
навбатӣ