Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар мо ҳуқуқ надорем, ки умед ба суръати ҳаракати об бандем, ки кай вай моро то ба соҳил мебарорад. Бояд аз суръати муқаррарии об пеш гузарем ва марраро дар соҳили умед, ки дер боз дидани онро интизорӣ доштем, фатҳ намоем,-риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Асад Ғанӣ. - Хуб, бачаи боба, аҳли нишастро бо андешаи хеш шинос намоед. Ногуфта намонад ки дар ба ҳам пайвастани ду соҳил саҳми капитани милиса Сорбони Ҳомид хеле назаррас аст.

  • Андешаҳоямро дар гузоришам ба номи сардори ШКД полковники милиса Ҳамид Ҷовид ирсол намуда будам.
  • Боке нест, - гуфт прокурор.
  • Муҳтарам Ҳамид Ҷовид дар ин ҷо ҳузур доранд, шояд…
  • Сухан аз забони Луқмон хуш аст, гап занед, - амр намуд сардори ШКД, ки дар минбар ҳамроҳи сарназоратчии қонун менишаст.
  • Субҳи рўзи 23 сентябр дар мавзеи Дударгии ноҳияи Файзбор дар натиҷаи лағжиши кўҳ, ё ба қавле сангчарх, мошини ВАЗ - 2107 ба садама дучор шудааст. Бо амри тасодуф дар он субҳи солеҳон дар ҳамон мавзеъ писарбачае, ки акнун нав ба синни ёздаҳ қадам ниҳодааст, пайдо шудааст… Маҳз ҳамин писарбача дирўз дар бинои ШКД - и ноҳияи Файзбор ба таври расмӣ дар байни расми ҳафт нафар мард ҳамон мардеро шинохтааст, ки он субҳ ўро ҳамроҳи зане дидааст. Ҳамагон худ огоҳӣ доред, ки соати 04.22 дақиқаи рўзи 6-уми октябр дар кўчаи Сурхоб сўхтор рух дод. Танҳо баъди гузаронидани ташхиси тиббӣ - судӣ сўхторро қасдона номиданд ва нафаре, ки дар сўхтори мазкур ҷони хеш аз даст додааст, маҳз ҳамон нафарест, ки ҳамон писарбачаи ноболиғ дар мавзеи сангчарх дидааст. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ дар атрофи ҳодисаи сўхтор мо муайян намудем, ки дугонаи ҳамсари он нафаре, ки ҷони хешро дар сўхтор аз даст додааст, се маротиба вайро ҳамроҳи ҷавонзане дидааст. Аз рўйи нишондоди ҳамин зан мо фотороботи он ҷавонзанро тартиб додем ва дирўз писарбачаи ноболиғ, ки зикри номаш дар боло рафт, ҳамон занро низ шинохт. Ин танҳо як тарафи масъала…
  • Тарафи дигараш чӣ? - луқма партофт касе.
пешина
аз 527
навбатӣ