Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То кунун муфаттиш наомада буд, вале омадани
вай ногузир буд, чунки бе тартиб додани протоколи
азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳатто, агар марг тасодуфан
рух дода бошад ҳам, аз ин манзил баромадани гурӯҳи
тафтишотӣ ғайриимкон буд. Рафту сабаби марг тасодуфӣ
арзёбӣ мешуд ва аз рӯй ҳолатҳои ба амаломада шубҳаеро
бедор намекард, ман ҳатто ба ҷасади беҷон нигоҳ накарда,
аз ин хона баромада мерафтам. Дар акси ҳол чун муфаттиш
ба кори хеш нуқта гузорад, давутози кормандони бахши
фаврӣ - ҷустуҷӯӣ оғоз мешавад. Аз рӯйи таҷрибаи
чандинсола қадамҳои аввалини кормандони бахши ҷустуҷӯӣ
ин муайян намудани шахсияти марҳум ва пайвандонаш ва
дар кадом сатҳ қарор доштани муносибати онҳо, пурсиши
ҳаққу ҳамсояҳо ва онҳое, ки бо марҳум ё ҷабрдида дар
алоқаи наздик қарор доштанд, дар бар мегирифт. Барои
чунин амалҳоро иҷро намудан Афлотун будан шарт набуд ва
ҳамаи ин гуна амалҳо навгонии техникиеро ҳам талаб
намекард. Аз соҳибмансаби ба ин амал вобасташуда дар
доираи қонун ба роҳ мондан ҳаракатҳои
тафтишотӣ ва дар ҳамин замина иҷрои он талаб карда
мешавад. Боқӣ ҳама дастовард дар ин ҷода ба ба донишу
корозмудагии худи милиса вобастагӣ дорад, ки то кадом
андоза метавонад ба бовари ҳамсуҳбатонаш (онҳое, ки
ҳодисаро дидаанд ва ё дар бораи он шунидаанд, шоҳидон - Ш.А.) муваффақ гардад ва барои тафтишот хабарҳои
заруриро дастрас намояд. Барои ин милисаро лозим меояд,
ки ба ҳар як дари ҳуҷраи ин бинои бисёрошёна ангушт занад
ва баъди муаррифии хеш бахшиш пурсида, матлаби худро
баён намояд, ки дар байни соатҳои 12 - 13 кӣ вориди бино
шуду кӣ аз бино баромад. Ҳангоми иҷрои чунин амалҳо ному
насаб, рақами хона ва телефони ҳамсуҳбатро низ гирифтан
лозим мешавад, то дар лаҳзаҳои зарурӣ дигарбора бо онҳо
суҳбати муфассалтаре намояд. Ҳамаи ин як қонуни
нонавишта, вале солҳо амалкунандаест, ки ҳангоми ба ҷойи
ҳодиса рафтан бо чунин як тартиби муайян амалӣ карда
мешавад. Бояд иқрор шуд, ки бо гузашти солҳо ман аз
дидани ҳодисаҳои марги маҷбурӣ худро бад ҳис мекунам ва ҳеҷ ба чунин манзараҳои даҳшатбор одат накардам, ки накардам.

пешина
аз 527
навбатӣ