Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Комрони Нодир арз намуд, ки занги телефониеро аз Русия интизор аст ва агар малоли хотири мо нашавад, ӯ ба хонааш равад ва чун лозим шуд Сабоҳат ӯро ҷеғ занад, банда дар чунин амал мушкилотеро надида ба вай рухсати рафтан додам. Духтуру ташхисгар - криминалистро ҳамроҳи ҷасад гузошта, бо ҳамроҳи ҷавонзани ба истиқболамон баромада, ба хонаи шафат гузаштам.
-Ман Абдумаҷидов, майори милиса ва хуб мешуд, ки пеш аз оғози суҳбат ному насаби худро мегуфтед.
-Сабоҳати Комил, 23 - сола, дӯстон ва наздиконам ба ман Сабо гуфта муроҷиат мекунанд.
-Донистан мехостам, ки ҳодиса чӣ хел рух дод?
-Мисли ҳамаи дигар чунин ҳодисаҳо.
-Яъне, чӣ хел?
-Яъне, лағжида афтиду сараш ба фарш зада мурд. Ё шумо кино тамошо намекунед? Чунин ҳодисаҳоро ҳар рӯз аз телек нишон медиҳанд, наход надида бошед?
-Яъне, шумо дар лаҳзаи афтиданаш ин ҷо будед?
-Ман кори дигар надорам, ки омада лағжидану афтидану мурдани соҳибхонаро назорат мекардам.
-Набошад мегуфтед, ки дар он лаҳзаҳо дар куҷо будед?
-Дар дохили ҳамон катакчаи шишагин ё шумо вориди бино шуда он катакчаро ҳам надидед?
-Пас чӣ тавр вориди ин манзил шудед?
-Аз тиреза. Ба ҷорӯби аз модару бибиам мерос монда нишастаму гуфтам: “чӯбаки сандалворӣ вор, бзану болотарум бброр” ва чун ҷалоҷинкампир аз тирезаи ошхона вориди ин манзил шудам. Чӣ, шумо гумон доред, ки ман Мижгонро омада куштаму боз омаданатонро интизор шудам,- ба гиря даромад мусоҳиби аввалинам ва ба ростӣ ман дар лаҳзаи аввал саволи мондаи хешро бармаҳал шумурда афсӯс ҳам хӯрдам.
-Ором шавед, агар бо ман суҳбат кардан нахоҳед, боке нест, чун муфаттиш биёяд бо вай суҳбат хоҳед кард.

пешина
аз 527
навбатӣ