Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Он кас дар куҷо? - қариб ки бо овози нимшунаво пурсид Марҳабо.
- Бо даму дуои худат дар оғўши ман, - ҳамон хел оҳиста ба саволи Марҳабо посух дод соҳибхона.
- Бовар намекунам.
- Раву бубин.
Марҳабо дари ҳуҷраи хоби дугонаашро оҳиста кушод ва марди нимурёни болои бистар рўяшро ба дигар тараф гардонид. - Бад не, - дарро пўшида гуфт Марҳабо.
- Ҳамааш бо даму дуои худат, Марҳабоҷон.
- Шояд бандаро ҳам бо вай шинос намоӣ?
- Инаш барои чӣ? - ранҷишомез гуфт Ҷамила.
- Гумони бад чӣ лозим, ман ўро ҳаргиз аз ту кашида гирифтанӣ нестам, нахоҳӣ ихтиёрат. Ман фақат бароят бахт мехоҳам…
- Майлат, ба ошхона гузар, ҳамроҳ чой менўшем ва ҳамзамон ту язнаатро хоҳӣ дид.
- Ана, ин гапи дигар. Фаромўш накун, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.
Баъди даҳ - понздаҳ дақиқа Ҷамила ҳамроҳи собиқ ҳамсоя ба назди меҳмон баромаданд, бехабар аз он ки Марҳабо як сол боз дар ҳамкорӣ бо милиса қарор дорад ва ҳамаи ин ба ҳамон хотир аст, ки милиса танҳо худашро ором гузорад. - Ин кас дугонаи ман Марҳабо.
- Нусрат, - худро муаррифӣ намуд ў.
Танҳо дар ҳамин лаҳза Ҷамила ба ёд овард, ки собиқ ҳамсоя дар кадом вазъ қарор дорад. Модоме ки ў аз гуфтани номи аслиаш худдорӣ кард, пас ҳар он чӣ гуфт, ҳақ асту рост.
Ниҳоят соҳибхона ҳам худро ба даст гирифта гуфт:
-Нусратро ман аз солҳои пеш, дурусттараш аз замоне, ки хонандаи мактаби миёна будам, мешиносам ва ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе мерасаду ман ўро дўст медорам…
Онҳо соате сари дастархон бо ҳам суҳбат намуданд ва сипас меҳмонро гуселониданд. - Беҳуда дарро кушодӣ, баъди рафтани меҳмон изҳори нигаронӣ намуда гуфт Дороб Қамар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор