Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Дилатонро дур набаред, ба замми ин шумо номатонро ҳам дурўғ гуфтед. Ба ростӣ, ман ба шумо қоил.
- Чӣ хел?
- Номатонро дурўғ гуфтеду ҳатто тағйироте дар чеҳраатон дида нашуд.
- Аминам, ки шумо номи бандаро пешакӣ ба забон наоварда будед?
- Не, албатта.
- Чаро ў дари ҳуҷраи хобро кушод?
- Аз куҷо донам? Ман ҳатто имконияти пеши роҳи ўро гирифтан наёфтам.
- Кори хуб нашуд.
- Метавонӣ осуда бошӣ. Кию чӣ будани Марҳаборо ман нағз медонам.
- Ба ҳар ҳол аз девори каҷ ҳазар.
- Эй биё мон, аҷаб воҳима кардӣ…
- Рафту ў дар ягон ҷо лақида монад чӣ?
- Намелақад.
- Рафту…
- Дилатро дур набар.
- Дар вазъе ки банда қарор дорам, ин ба гуфтан осон.
- Охир ман ҳам наметавонам, ки як умр дарро ба рўйи ҳаққу ҳамсоя баста монам. Таомули мо мақоми ҳамсояи наздикро аз бародари дур боло гузоштааст.
- Барои ҳамин ҳам рафтанам беҳтар.
- Ба куҷо?
- Ба куҷое рост ояд.
- Не, ман туро дигар ба ягон ҷо рафтан намедонам.
- Пас таомул чӣ мешавад?
- Аз ҳамин соат эътиборан дигар касе пой бар остонаи ин хона нахоҳад гузошт.
- Ба кадом хотир.
- Ба хотири ту, ба хотири ту фариштаи нигоҳбони ман!
- Боз нашаваду…
- Не, намешавад ором бош, дузди ман.
- Ман дузд не.
- Ту дузди қалбу руҳи манӣ! Агар хоҳӣ банда як умр канизи ту гардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор