Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Вазъи Фарҳоду Иброҳимро ҳам фаҳмидан лозим буд, ҳарчанд онҳо ба гузашта салавот гуфта буданд ва ба қавле так-таки девор мегаштанд, боз модар ба хотири духтари ягонааш ва ба хотири мағзи донакаш рафтани писаронашро ба майдони набард ҳидоят намуд.
- Барраи нар қурбонист, - мегуфт ў.
Модар сухани хеш бигуфт, бехабар аз он ки… сухани модар мақбули Худованд аст… бехабар аз он ки… сухан аз забон барояду аз гиребонат бигирад… бехабар аз он ки…
кўза на ҳамеша аз лаби об бе осеб бармегардад.
Фарҳоду Ироҳим рўзро рўзу шабро нагуфта, аз пайи супориши модар шуданд, вале одамрабоёнро гӯё замин фурў бурда буд…
Рўзе Фарҳод сари андешаҳои бесару нӯги хеш дар кўча қадам мезад, ки собиқ "аскари" ҷабҳаи мухолифин Шамсро дид. Шамс ҳам соҳиби Калашников буд ва кару фарри ин сағираи сарлучу пойлучро ҳисоб набуд. - Ой киро мебинам? - гўён Шамс аввалин шуда командири собиқашро ки дар кўчаҳои шаҳр чун девона қадам мезад, аз байни андешаҳояш берун овард.
Баъди суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ ҳарду ба қаҳвахонае даромада хеле суҳбат намуданд ва дар омади гап Фарҳод аз Шамс мадад хост. Бехабар аз он, ки Шамс ҷияни Дороб Қамар аст. - Хуб шудааст, командир. Чун хабаре дар ин бора дарёбам, шуморо огоҳ хоҳам кард.
Баъди вохўрӣ бо Шамс, ки нуфузаш дар олами ҷиноӣ хеле баланд буд, Фарҳод ба хона баргашт. Баъди ду рўз ҷисми беҷони Фарҳодро аз тангкўчае дар наздикии комбинати мебелбарорӣ бо синаи дарида ёфтанд. Аз рўйи нақши дар синаи Фарҳод гузошта Хушдил Одил ба хулосае омад, ки Фарҳод бо кадоме аз аъзои гурўҳи "Сипар" рў ба рў омадааст.
Баъди пурсиши Раъно, Иброҳим ва Хушдил Одил парвандаи мазкурро низ ба Фирдавси Ҳаким доданд. Акнун гурўҳи ҷинояткори Дороб Қамар мавриди ҷустуҷўи умумиҷумҳурӣ қарор гирифт…
*** Дар фазои идораи милисаи ноҳияи Сарчашма як муҳити тира ба назар мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор