Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Аз рўйи вазъи ба амал омада ҷаҳду талошҳои кормандони милисаро, ки ҷинояткорон аз зери биниашон гурехта пинҳон шуданд, дигар хел ҳам номидан ғайриимкон буд. Ҳодисаи ба сари Фарҳоди Замир омада - ин худ эътирози онҳое буд, ки милиса дар гирдашон хатти батлон кашида буд, вагарна чӣ лозим буд ҷисми сардеро кашола карда, ба назди комбинати мебелбарорӣ, ки тобеи ноҳияи Сарчашма аст, овардан?
Хулосабарорӣ аз рўйи ҳодисаи ба сари Фарҳоди Замир омада характери нисбӣ дошт, ки ҳарфи "ё" мантиқи аслии суханро зери шубҳа мегузошт ё, ё…
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса гурўҳи фаврии тафтишотӣ ба хулоса омад, нафаре, ки қасди ҷони Фарҳоди Замир намудааст, амали нопоки хешро дар дигар муҳит ба сомон расонида, ҷисми сарди ўро ба тангкўчаи паҳлуи комбинати мебелбарорӣ овардааст. Ҳангоми пурсиши Иброҳим Замир ва Раънои Замир тафтишот ба хулосае омад, ки наздикони маҳрум ҳодисаи мазкурро бо ҳодисаи ба гарав гирифтани ноболиғ Шерзоди Хушдил ва латукӯб намудан падари Шерзод Хушдил пайваст намудан мехоҳад. Чун тафтишот дар ин бора назарияи ягонаи хешро надошт, фикру ақидаи наздикони маҳрумро ҳамчун асос ба инобат гирифт.
Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду Дороб Қамар ва шербачаҳояшро мавриди ҷустуҷўи расмӣ қарор доданд.
Баъди ду рўзи ҳодисаи ба сари Фарҳоди Замир омада, акси Дороб Қамар ва Сайф Насим деворҳои бинои фурудгоҳ ва вокзали Роҳи оҳанро "зеб" медонанд. Баъдтар ин аксҳо дар дигар кўчаю хиёбонҳои шаҳр ҳам пайдо шуданд. Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешуд, ки агар дар бораи ин ду тан маълумоте доранд, бо телефони 02 ё ба шуъбаи милисаи наздиктарин хабар диҳанд. Чун "корномаҳои" ҳарду возеҳу равшан онҳоро муаррифӣ мекард, милиса умед бар он баста буд, ки дер ё зуд акси садои хешро хоҳад шунид…
Ҳамид Ҷовид ва Асад Ғанӣ тайи ин рўзҳо ҷойи нишаст намеёфтанд. Ҳар се соат онҳо бояд аз рафти корҳои тафтишотию ҷустуҷўӣ ба мақомоти болоии хеш гузориш медоданд. Марги Фарҳод Замир, ки замоне аз нӯги кордаш хун мерехту акнун пайвандонаш милисаро дар беҳаракатӣ айбдор кардан мехостанд, як механизми калонеро ба ҷунбиш овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор