Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сари интихоби маводҳои пешниҳоднамудаи муфаттиши прокуратура баъди каме андеша ман боз ҳамон каломеро ба ёд овардам, ки аз гузаштагон ба мерос монда: “Сухан аз забони Луқмон хуш аст” ва диктофонро назди хеш гузошта, тугмачаашро зер намудам.
“Ному насаб?
-Фирӯзи Файз.
-Рӯз, моҳ ва соли таваллуд?
-24 декабри 1975.
-Ҷойи таваллуд?
-Шаҳри Москва дар оилаи корманди илмӣ.
-Ҷойи истиқомат?
-Шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 59/6, ҳуҷраи 77...
-Шуморо барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ дар асоси моддаҳои...” Ман ҳамоно тугмачаи дигареро тоб дода, рафти суҳбатро боздошта, тариқи тугмачаи дигари ишоравӣ рафти суҳбатро каме ҳам бошад, пеш бурда, боз даст ба тугмачаи аввала бурдам.
-Аз нигоҳи хеш ҳодисаи ба сари ҳамсаратон Мижгони Файз омадаро шарҳ диҳед.
-Дирӯз ё аниқтараш 8-декабр соати 13.22.дақиқа ҳамсояамон Комрони Нодир ба ҷои корам занг зада хоҳиш кард, ки ҳарчи тезтар ба хона биёям, чунки вазъи саломатии Мижгон бад шудааст ва бо ҳама кӯшиш ман баъди як соат ё шояд каме дертар ба хона омадам ва он ҷо кормандони милисаро дидам.
-Тафтишот донистан мехоҳад, ки чаро чунин ҳодиса рух дод?
-Намедонам чаро чунин шуд. Охир мо ба касе бадӣ ҳам накарда будем ва агар чунин амал ҳам рух дода бошад, на ба он дараҷае, ки ба ивазаш қасд ба ҷони нафаре намоӣ. Ҳеҷ чизро намефаҳмам, ки чаро чунин шуд.

пешина
аз 527
навбатӣ