Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Намедонӣ ё росташро гуфтан намехоҳӣ?
  • Гўш кун, Ҷамила, ман гуфта истодаам, баъди он ки пой ба ин манзил гузоштам, боре ҳам аз ин ҷо берун нарафтаам.
    Ба замми ин, ман ҳатто телефони дастӣ ҳам надорам, ки бо касе дар тамос шуда бошам. То омадан ба ин ҷо ман дар ҳақиқат телефони дастӣ доштам, вале аз рўйи вазъи ба амаломада онро ба дарёи Душанбе партофтам.
  • Чаро?
  • Бояд акнун иқрор шавам, ки ман замоне сарвари гурўҳҳе будам, ки дар хориҷи кишвар бехатарии давлати абарқудрати СССР - ро ҳимоя менамуд ва чӣ будани телефони дастиро ман аз дигарон беҳтар медонам ва агар онро партофта бошам ҳам, аз лиҳози мантиқ барои бехатарии худам партофтам.
    Аминам, ки маро мефаҳмӣ.
  • Худат ҳамон шаби аввал гуфтӣ, ки мавриди таъқиб қарор гирифтаӣ?
  • Ман инро инкор намекунам.
  • Ман донистан мехоҳам, ки барои кадом гуноҳат?
  • Гуфтам, ки банда дар хориҷи кишвар бехатарии давлатро таъмин мекардам.
  • Ҳамчун ҷосус?
  • Шояд.
  • Чаро кушоду равшан гап намезанӣ?
  • Чунки ин сирри давлатист.
  • Ва ҳамаи ин таъқибҳо ба он корҳое, ки дар хориҷи кишвар доштӣ, иртиботе доранд?
  • То андозае.
  • Аниқтараш.
  • Дар хориҷи кишвар аслан мо бо амнияти сиёсии кишвари хеш сарукор доштем, вале буданд ҳолатҳое, ки ба амнияти иқтисодӣ он ҳам дахолат намудем, ки ин боиси аз вазифа сабукдуш шудани чанд тан шахсиятҳои баландрутба гардида буд. Чун он солҳо ман ҷавон будам, андеша накардам, ки сад дўст доштан кам асту як душман зиёд ва акнун ҷафои амалҳои беандешонаи хешро мекашам.
  • Амнияти иқтисодӣ гуфта, чиро дар назар доред?
  • Пеш аз ҳама, контрабандаро. Ин интиқоли маводи мамнуъ ба хориҷи кишвар ва ҳамин гуна маводҳо аз хориҷи кишвар.
пешина
аз 527
навбатӣ