Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Номгўи ҳамаи он ашёҳо дар қарори махсуси ҳукумат дарҷ гардида буд.

  • Ҳамаи он корҳоят ба ҳодисаҳои кунунӣ, ки дар ин коғаз (Ҷамила ба тарафи ҳамон коғазе, ки дар дасти Дороб Қамар буд, ишора намуд) чӣ пайвастагие дорад?
  • Агар ҳамин хел нигоҳ намоӣ, ҳеҷ.
  • Пас чӣ тавр бояд нигоҳ кард?
  • Ба ҳама рўйдодҳои олам аз рўйи мантиқ нигоҳ мебояд кард ва агар гуфтаҳои бандаро дар мизони ақл аз рўйи мантиқ гузорӣ, ба саволи хеш посух хоҳӣ гирифт.
  • Оё гуфтанӣ нестӣ, ки Фарҳод Замирро намешиносӣ?
  • Дар ҳақиқат чунин номро бори аввал мешунавам. Баҳри фаҳмидани ин асрор ҳаминаш кифоя аст, ки фардо ба милиса рафта фаҳмӣ, ки куштор кай рух додааст.
  • Ман чӣ гуфта ба он ҷо меравам?
  • Бигўй вай одам аз худат сад доллар қарздор буд ё шиноси деринааш ҳастӣ ва мехоҳӣ, ки дар борааш маълумоте ба даст орӣ?
  • Рафту онҳо маро санҷида монанд?
  • Ин хел ҳам шуданаш мумкин. Набошад, ба маҳали зисти вай рафта, аз ягон ҳаққу ҳамсоя мепурсӣ.
  • Маҳали зисташро ба ман кӣ медиҳад?
  • Милиса. Дар ин бора онҳо аз худат ягон чиз пурсон нахоҳанд шуд. Ту гўӣ ки…
  • Чӣ гўям?
  • Ба ростӣ, худам ҳам сари калобаамро гум намудам,- гўён Дороб Қамар ба курсие дар рў ба рўйи соҳибхона нишаст.
    “Боз шон ҷосус будааст,” - аз дил гузаронд Ҷамила ва гуфт:
  • Чӣ гўям?
  • Ҳарчи дилат хоҳад, ҳамон хел пурс, маро аз ин пурсишҳо тарсу ҳаросе нест, мефаҳмӣ!
  • Фаҳмо.
  • Агар ба ман бовар надорӣ, метавонӣ ба милиса занг зада хабар диҳӣ, ки ман дар манзили худат панаҳ бурда шиштам.
  • Меҳмон атои Худост ва бастани дар ба рўяш гуноҳест азим. Ҳарчанд дар ин бора худ нахондаам, вале аз забони мардуми бофарҳанг ҳамин суханонро борҳо шунидаам.
пешина
аз 527
навбатӣ