Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун дафтари корӣ холӣ шуд, Ҳамид Ҷовид ба қавле аз рўйи суханҳои лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф амал намуда, баҳри оромии қалбу руҳаш тамоку даргиронд. Дар танҳоӣ, вақте ки дуди тамоку ҷисму руҳашро ором намуда буд, фикру андешаҳои зердастонашро аз ҳарду самт ба мизони ақл гузошт. Ҳар он чи ки лейтенанти калон гуфт, ҳак асту рост. Бубин, аксари роҳбарон баҳри манфиати шахсӣ ҳам набошад, баҳри манфиати идораашон пой ба болои қонун мениҳанд. Аз эҳтимол дур нест Ёсумане, ки мо ҷустуҷўяш дорем, чун ҳама он нафарони бе сарпаноҳ дар кадом як идорае кор мекунад. Албатта, моҳ ва ё соле, пас аҷаб нест, ки ў соҳиби хонаву дари хеш мегардад. Бо ҳаштод ҳазор доллар ҳам хомўш нишастан гуноҳ асту гуноҳ… Акнун танҳо ба он “Формаи Т - 2" боз чанд рўз умед мебандем, он тарафаш боз Худо подшост…


Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, Дороб Қамарро хоб набурд, ки набурд. Он ҳама шӯру валвалаи соҳибхона ин нишонаи меҳр, нишонаи муҳаббат ва садоқати вай буд. Тайи чанд соли зиндагӣ Дороб Қамар аз ҳамсари қонунии хеш чунин муҳаббатро надида буд. Ҳарчанд шоир набуд, вале аз таҷрибаи рўзгор медонист, муҳаббат қодир аст, ки девонаро ҳушёру ҳушдор созад ва баръакс, аз шикасти муҳаббат ҳ ушёр ҳам девона гардад. Ҳар он чи ки ў соате пештар ба дифои хеш гуфт, Ҷамила - он олиҳаи зебое, ки пайкони муҳаббатро дар қалбаш ҷо намудааст, бовар кард, вале ин ҳанўз кифоя набуд.
Акнун ў бояд кўшиш ба харҷ медод, ки аз саргузашти хеш достоне тарошад, ки бегуноҳиашро собит намояд ва ба суханони вай на танҳо Ҷамилабону балки худи ҳомиёни қонун ҳам бовар намоянд. Барои чунин достонро ба қалам додан ўро ҳама маводҳо дар даст буд ва фақат он ҳамаро қофиябандӣ мебоист. Оғози достони вай аз занги телефонии Хушдил Одил сарчашма гирифта ба қафо тоб хўрд…
Аз андешаҳои зиёд сараш ба дард омад, забон дар даҳонаш биёбони хушкро ба ёдаш овард. Ҳарчанд намехост мавҷи андешаҳои хеш парешон созад, вале фаҳмид, ки агар об нанўшад ба субҳи содиқ намерасад. Болои бистар нимхез шуд ва дар рӯшноии шабчароғ чашмаш ба ҷисми хурдакаку урёншудаи Ҷамила бархўрд.

пешина
аз 527
навбатӣ