Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Пас чӣ бояд кард?
- Ба саволи сарвари ШКД нафарони зиёде посухи гуногун гуфтанд, вале аз ҳама беш нишондоди нозири минтақавӣ лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф ки ҳамагӣ як сол собиқаи корӣ дошт, писанд омад.
- Дар рўйхат номи ҳамаи онҳое пешниҳод шудааст, ки дар қайди манзили зистанд, вале боз ҳастанд нафароне, ки манзили зист надоранд. Ба наздикӣ ман дар корхонае ҳолати ба кор қабул намудани коргаронро аз рўйи "Формаи Т - 2"
санҷидам. Танҳо дар ҳамон як корхонаи хурд чор нафар кор мекунанд, ки умуман дар қайди шаҳр нестанд. Сардори корхона бошад, ҳамаи инро аз норасоии кадрҳо маънидод кард. Ман чунин фикр мекунам, ки ба хотири ором шудани руҳу қалбамон як маротиба аз корхонаҳои саноатӣ, мактабу донишкадаҳо гузар намуданамон лозим, - гуфт лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф. - Пешниҳоди арзанда, боз кӣ пешниҳоде дорад?
… - Аз ба даҳон об гирифтанатон маълум, ки пешниҳоди арзандатаре аз ин надоред. Тоҳир Додобоевич, аз рўйи пешниҳоди лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф тамоми механизми штатӣ ва ғайриштатии милисаро ба ҳамин кор сафарбар намоед. Гумон мекунам, ки дар ду - се рўз ҳамин кор ҳаллу фасл хоҳад шуд. Капитани милиса Сорбони Ҳомид, аз рўй дигар ҷавобҳое, ки аз дигар манотиқҳо меоянд, корро ҷонноктар намоед. Акнун ҳама аз пайи кор шавед.
Фаромўш насозед ки бандаро лозим аст, ки ҳар се соат пас аз натиҷаи корҳои кофтукову ҷустуҷўӣ ба мақомоти болоӣ гузориш диҳам. Ҷустани Ёсуман аз рўйи “Формаи Т - 2" ба шумо ҳуқуқ намедиҳад, ки корҳои ҷустуҷўиро дар атрофи Дороб Қамар ва Сайф Насим суст намоед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор