Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

латукӯб ва ба гарав гирифтани писараш гунаҳкор месозад.
Албатта, ў мегуфтагист, барои кадом гуноҳаш вайро латукӯб намуданд. Охир ў бояд донад: ҷон ҳам ширин асту ҷонканда (ба маънои боигарӣ омада) ҳам. Ба замми ҳамаи ин, банда дар латукӯб ва дар ба гарав гирифтани писарбачааш даст надорам. Милиса дар ин бора ба таври ростхата ба муқобили банда далеле надорад. Чунки ҳамон шабу рўзе, ки писарбачаро ба гарав гирифтанд, ман дар Файзбор будам.
Алибӣ боэътимоде ҳаст, пас оё месазад, ки баъди куштор мо панаҳ барем ва ба гуноҳи бе ин ҳам надоштаи хеш гуноҳи дигареро зам намоем?

  • Дар масъалаи маводи мухаддир чӣ? - нидо омад аз қалбаш.
  • Не пойман - не вор.
  • Ту дуздӣ!
  • Чӣ хел дузд?” “Ту дуздӣ, дуздӣ қалбу руҳи манӣ,” - ба ёд овард ў муколамаи хешро бо он олиҳаи дар паҳлуяш хуфта, ки дар айни вақт ўро парвои одаму олам набуд.
    Чанд шабонарўз буд, ки ў аз хонаю ҷой, аз зану фарзанд ҷудо афтида ва онҳоро чӣ ҳоле буд, намедонист. Ҳамааш ба касофатии ҳамон ҳаштод ҳазор доллари аз даст рафта. “Бало аз таги по хезад,” - гуфтагӣ барин, он сангчарх ҳам гӯё дар интизори Сайёд Ватан будааст.
    Маълум ки Хушдил Одил он дипломати пулро ба курер додааст, вале ў то кунун намедонад, ки он дипломат куҷо шуд. Ҳамааш кам буд, ки боз куштори Фарҳод Замирро ҳам ба души ў бор карданианд. Дар ин кор, ки даст дорад ва аз он ба кӣ манфиат мерасад, низ ба ӯ маълум нест, боз шон худро дар пеши Ҷамила қариб ки дар пояи Рихард Зорге99 гузошт…
    Эй ҷосус нашуда мур, модоме ки як муаммои одиро сарфаҳм намеравӣ, пас чи тавр ту тавонистӣ, ки амнияти сиёсии як давлати абадқудратро100 таъмин намоӣ. Ба фикрам, аз манфиатат дида зиёнат ба он давлат зиёдтар расидааст. “Боз шон ҷосус будааст,” - нидо омад аз ғайб. Рафту агар

99 Зорге – разведчики СССР дар Япония.
100 СССР дар назар аст.

пешина
аз 527
навбатӣ