Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нафаскашии сабуки ҷавонзани урёнро намешунид, эҳтимол ин ҳама гуфтаҳоро ба вай нисбат медод.
Сад дареғ, ки ман аввал ба гуфтаҳои Хушдил Одил бовар накардам, ҳол он ки вай боре ҳам бандаро фиреб надода буд, сад ҳайф…
“Акнун мушти баъди ҷанг ба ёдомадаро ба сари хеш бизан,” - шунид ў боз навои дили хеш.

  • Ҳа, дер шуд, - гуфт ӯ.
  • Чӣ дер шуд, соат чанд? - овоз рӯшан кард он олиҳаи зебо ва дастонашро дар гардани меҳмон ҳалқа кард, чун ҳалқаи занҷир…
  • Ман гумон кардам, ки ту хобӣ.
  • Ман хунук хӯрдам, мефаҳмӣ.
  • Хунук хӯрдию кӯрпаро аз болоят дур афкандӣ.
  • Ту бошӣ ҷисми урёни бандаро ҳам тамошо кардӣ?
  • Чашм дарёст. Афсўс ки ман рассом набудам, вагарна тасвири туро мекашидам.
  • Ҳамин хел урён?
  • Бале.
  • Вой ман мурам, ин чӣ бешармӣ…
  • Ҷамила!
  • Ҳа чӣ буд, ҷонам.
  • Ба фикрам, ин шаби охирини якҷоя будани ману туст.
  • Аз даҳонат шамол барад, ин хел нагў, - ҷисми дар зери обу арақ мондаи хешро ба тани мард ҷафстар намуда гуфт вай.
  • Ту маро нафаҳмидӣ.
  • Чӣ хел нафаҳмидам, ё маро гӯлу гумроҳ пиндоштӣ? Аз хотир набарор, ки агар Ҷамила хоҳад, туро ба лаби дарё ташна бурда, ташна меорад ва ё ба ақидаи худат ман чизеро намефаҳмам…
  • Дар ҳақиқат ту маро то кунун нафаҳмидӣ. Тайи ин соатҳое, ки дар хоби ноз будӣ, ман сари ҷанҷолҳои шабонаамон хеле андеша намудам.
  • Яъне ки аз ман ранҷидӣ ва ин кулбаро тарк кардан мехоҳӣ? Хато мекунӣ, дўст мегўяд табарвор…
  • Гўш кун Ҷамила, мон ман фикрамро баён намоям.
пешина
аз 527
навбатӣ