Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Гўшам ба ту, тамоми ҷисму ҷонам аз ту, ҳар он чи ки бифармоӣ…
  • Фардо субҳ ман ба милиса меравам, мефаҳмӣ ба милиса.
  • Яъне, ки бо гуноҳат иқрор шудан меравӣ?
  • Баръакс, агар ман наравам, онҳо дар ҳақиқат он кушторро ба души ман бор мекунанд.
  • Аз ҷаҳду талошҳояшон бармеояд, ки чунин аст.
  • Ту бовар намо, ки банда аз марги хеш хабар дораму аз он куштор не.
  • Аллакай бовар кардам.
  • Ман тайёрам, ки барои ҳамаи гуноҳҳои то ба ин дам содирнамудаам дар назди қонун ҷавоб диҳам, вале ман намегузорам гуноҳеро, ки банда дар он даст надорам, чун тавқи лаънат дар гарданам овезанд.
  • Ман чӣ кор кунам?
  • Ту ба милиса рафта росташро мегўӣ, ки аз кадом рўз то ба ин соат ман дар манзили ту будам. Метавонӣ дугонаат Марҳаборо ҳам чун шоҳид ба милиса барӣ, ки вай низ маро дида буд…
  • Ҳаминаш беҳтар шуд, ки Марҳабо худатро дид.
  • Ба ростӣ, вай ба ман маъқул нашуд.
  • Маъқул нашуд, вале акнун ба ёриаш муҳтоҷӣ.
  • Ин ҳамааш ба он хотир, ки сухани худат дар милиса қабул шавад.
  • Бе ин ҳам милиса ба суханони ман бояд бовар намояд.
  • Ба гумон аст.
  • Охир, ман милисаро фиреб намекунам.
  • Инро ман мефаҳмам.
  • Милиса чӣ?
  • Намедонам, ба ростӣ, намедонам.
  • Онҳо навиштаанд, ки худат дар ба гарав гирифтани кўдаки ноболиғ ва боз дар интиқоли маводи мухаддир даст дорӣ?
  • Дар пеши даҳон кӯтал нест, онҳо ҳарчи хостанд гуфтанду навиштанд, вале ҳамаи инро собит намудан лозим.
    Ба гумон аст, ки ин кор ба онҳо даст диҳад.
  • Кош ҳамин хел шавад.
  • Ба анҷоми неки кор умед мебандем.
пешина
аз 527
навбатӣ