Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иброҳим суҳбати охирини хешро бо Фарҳод дар атрофи Шамс - дар атрофи ҳамон нафаре, ки Восит ўро дар марги бародараш айбдор намуданӣ шуд, ба ёд овард.

  • Медонӣ чӣ, Иброҳим?
  • Чӣ буд?
  • Имрўз тасодуфан дар кўча ман ду шиноси деринаро дидам.
  • Хуш бошад.
  • Ҳамон ду ҷўрае, ки оқибат рақиби якдигар гаштанд.
    Сараввал Шамсро дидам. Дурусттараш, ў маро шинохт. Ба қаҳвахонае даромада хеле суҳбат намудем. Аз Шамс мадад пурсидам.
  • Чӣ хел мадад?
  • Дар бораи ёфтани ҳамон нафароне, ки писарбачаи Раъноро ба гарав гирифта буданд.
  • Шамс розӣ шуд?
  • Бале.
  • Ин хуб аст, ки хизматҳои командирашро аз ёд набаровардааст.
  • Вале Шамс аз ман сирреро нуҳуфта дошт.
  • Кадом сир?
  • Ў нагуфт, ки Дороб Қамар тағояш мешавад?
  • Акнун чӣ мешавад?
  • Албатта, ў тағояшро аз ниятҳои мо огоҳ хоҳад кард.
  • Аз куҷо фаҳмидӣ, ки Дороб Қамар тағои Шамс аст?
  • Гуфтам - ку, ҳарду вохўрӣ ҳам тасодуфан шуд. Чун бо Шамс хайрухуш намуда, ба истгоҳ рафтам, бинам, ки нафаре аз автобус фаромад. Чеҳрааш шинос, вале ҳеҷ ба ёд оварда натавонистам, ки ўро дар куҷо дидам. Доғ дар дил намонад гуфта каме аз пушташ рафта, дастамро ба китфаш гузоштам.
    Истод ва ў низ ба тарафи ман нигоҳ кард. Гуфтам маро шинохтӣ? Ҳайрон шуд. Сипас худро муаррифӣ намудам.
  • Эй, командир, тамоман ҷавон шуда рафтӣ, - гуфт. -Охир он солҳо мо ба ҷуз автомат ҳама ришу фаш доштем, ки он нишонаи ягонаи мо аз қӯшунҳои давлатӣ буд.
  • Чӣ хел шуд, ки маро шинохтӣ? - пурсид вай.
  • Чеҳраат шинос намуд, вале ҳоло ҳам ба чашмони хеш бовар намекунам.
пешина
аз 527
навбатӣ