Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ин ман Восит.
  • Акнун бовар кардам. Ба Худо, имрўз чӣ рўзи хубест,- гуфтам ман.
  • Ман ҳам аз вохўрӣ бо шумо шодам.
  • Медонӣ, агар каме пештар меомадӣ, як нафари дигарро ҳам медидӣ?
  • Киро агар махфӣ набошад?
  • Шамсро. Соате пештар ман Шамсро дидам.
  • Ҳамон ҷияни Дороб Қамарро?
  • Кадом Дороб Қамар? Ту чиҳо гуфта истодаӣ, Восит. О, ман Шамси худамонро мегўям, - аз шунидани номи Дороб Қамар каме дасту по хўрда гуфтам ман.
  • Ҳамон Шамси Солеҳро мегўӣ?
  • Бале, худи худашро.
  • Ҳамон Шамси дурўяро гўй, агар аз ёд набароварда бошед, командир…
  • Чиро?
  • Ҳамон даҳ килограмм борро?
  • Ба гузашта салавот гўй?
  • Инро метавонӣ худат гўй, командир, чунки агар дар он вақт худат борро аз даст додӣ, акнун ман бародарамро аз даст додам, мефаҳмӣ?
  • Тадбир ба тақдири Худованд намонад, - ўро ором карданӣ шудам ман.
  • Ҳамааш аз рўйи ҳамон касофати Шамс шуд, чунки танҳо ў аз рафти амалиёт - гузаронидани бор аз сарҳад, хабардор буд.
  • Ин ҳамааш фикру хаёли хом. Кӣ медонад бародари туро…
  • Акнун ман шикасти он амалиётро бо ҳама майдатарин ҷузъиёташ медонам ва шахсеро, ки қасд ба ҷони бародарам намудааст.
  • Хуш кӣ будааст он кас?
  • Ҳамон калабурҳои тағои Шамси Солеҳ.
  • Чӣ хел калабур? Ту чиҳо гуфта истодаӣ, Восит?
  • Ман чӣ гуфтанамро медонам.
  • Медонӣ - чӣ, ман ҳам ҳамон Дороб Қамарро ҷуста гаштам. Дар ин бора ҳатто аз Шамс мадад хостам ва акнун мефаҳмам, ки собиқ аскари ман ҷияни он нафарест, ки банда ҷустуҷўяш дорам.
пешина
аз 527
навбатӣ