Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Шамсро кӣ ба гурўҳи шумо овард?
- Язнаам.
- Бо тавсияи кӣ?
- Намедонам.
- Воситу бародарашро кӣ овард?
- Ба фикрам, Шамс.
- Ҳодисаи ба сари бародари Восит омада, ин кори язнаат буд ва гуноҳро бошад, ба гардани он сағираи бечора бор карданд.
- Набошад, ҳодисаи ба сари Фарҳод омада кори кист?
- Намедонам, вале аминам, ки на Шамс ва на тағояш дар ин кор даст надоранд. Акнун раву андеша намо.
- Андешаи чӣ?
- Андешаи он ки аз марги Фарҳод кӣ бурд мекард!...
Чунин амали Дороб Қамарро касе интизор набуд. Ҳатто ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ҳам ба гўшҳои хеш бовар накард.
-Дигар кас мешуд бовар мекардам, вале Дороб Қамар на аз он нафаронест, ки ихтиёран ба милиса омада, ба гуноҳаш иқрор шавад, - посух дод ў ба занги телефонии навбатдор, ки шояд бо супориши Ҳамид Ҷовид вайро ба милиса даъват кардан мехост.
- Биёеду бубинед, - гўён навбатдор гўшакро ба ҷояш гузошт.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳар қадар сари гуфтаҳои навбатдор андеша намуд, ба хулосае омада натавонист. Ў акнун нав пой ба остонаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ гузошта буд, ки телефон дуюмбора садо дод. - Гўш мекунам.
- Худи ҳозир ба идора биёед, - гуфт муштарии ба алоқа баромада ва алоқаро қатъ кард. Аз овози амрдиҳанда ҳамин қадар фаҳмид, ки сардори ШКД бо вай дар тамос буд.
Капитани милиса бисёр мехост мактаберо, ки акнун дар остонааш қарор дошт, санҷида, бо дили пур аз он ҷо равад, чунки дар ин се шабонарўз ў қариб сӣ корхонаю муассисаҳоро ба умеди дарёфти зане бо номи Ёсуман аз рўйи “Формаи Т - 2" санҷида баромад, вале муроде ҳосил накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор