Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Бовар намекунам, ба фикрам, ин ҳамаро барои тасаллои дили ман мегўед.
- Баъд ман Воситро ҳам ба рафти воқеаҳо огоҳ намудам ва ў низ ваъда дод, ки кўшиш мекунад ба хотири арвоҳи бародараш ба ман ёрӣ расонад.
- Амакӣ, ҳо амакӣ, бобоям шуморо мепурсад, - гуфтани писарбачаи ҳаштсолаи Фарҳод Иброҳимро аз банди андешаҳо берун овард.
- Ман ҳозир, - гўён Иброҳим аз ҷой бархест ва ба тарафи ҳуҷраи падар, ки дар қисми дигари ҳавлӣ ҷойгир буд, рафт…
- Куҷо бедарак шуда рафтӣ, бачам? - баробари ўро дидан чашмони обравашро пок намуда гуфт падар.
- Дар ҳавлӣ будам.
- Канӣ дар пешам бишин ва бигў, ки он рўз Фарҳодҷон бо ту дар кадом хусус суҳбат дошт…
- Кадом рўз?
- Ҳамон ду рўз пеш аз ҳодиса.
Иброҳим аз нав саҳфаҳои дафтари хотироташро, ки лаҳзае пеш ба ёд оварда буд, баҳри қиблагоҳаш варақгардон кард. - Медонӣ, чӣ бачам?
- Чӣ буд, дадаҷон?
- Акаат ҳеҷ нагуфт, ки он писарбача барои овардани бор худаш ихтиёрӣ рафт ё вайро…
- Не, нагуфт, вале, ба фикрам, ўро маҷбурӣ фиристоданд.
- Маҷбурӣ мегўйӣ?
- Ҳа, маҷбурӣ.
- Баъди ҳамон ҳодиса язнаат аз шумо ҷудо шуда, бизнеси худашро оғоз кард?
- Ба фикрам, ҳамин хел буд.
- Боре ҳам андеша накардед, ки аз кадом ҳисоб?
- Не, чӣ буд?
- Беҳуда шумо аз Шамс домангир шудед?
- Пас кӣ дар бораи он бор ба роҳзанҳо хабар дод?
- Ба гумонам, ин кори дасти язнаат буд.
- Бовар намекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор