Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар аввал гумон намудам, ки шояд нафари дигаре сари роҳи Саида баромадаву ӯро аз ман рабудан хост, вале дар асл ин хел ҳам набудааст.
-Пас он ҳамаро сабаб чӣ буд?
-Чӣ хеле гуфтам, Саида дар факултаи ҳуқуқ таҳсил мекард ва дар соли панҷуми таҳсил, пеш аз тақсимоти кадрӣ кадом як хайрхоҳе аз муносибати дӯстонаи мо огоҳ гашта, ба вай фаҳмондааст, ки ҳангоми интихоби рафиқи ҳаётӣ эҳтиёткор бошад, то ба нафаре ки худ ва ё волидайнаш доғи судӣ доранд, дил набандад. Рафту агар чунин ҳодиса рух дод, кору фаъолият дар мақомоти тафтишотиро метавонанд аз хотир барорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки деворро об вайрон мекунаду одамро гап ва Саида низ баъди ду соли вохӯриҳо бо банда дафтари аъмоли ман ва волидонамро такурӯ намуда, ба хотири мансабу вазифа муҳаббати бандаро пеши по зад...
Моҳе пас аз ин ҳодиса, дар замоне ки банда қариб тобу тавонро аз даст медодам, дар уфуқ Мижгон сари роҳам баромад...
Лаҳзае сабти овоз гум шуд ва ё сухангӯ ба андеша рафт, ё дар суҳбати тарафайн танаффус эълон шуд, ки он қуттии хурдакаки болои миз хомӯш шуд. Диктофонро ба даст гирифтам ва хостам яке аз тугмачаҳояшро зер намоям, вале:
“Шуморо гӯш мекунам,” - гуфтани муфаттиш андешаҳои бандаро ботил бароварду боз диктофонро болои миз гузошта, гӯш ба қимор шудам.
“Боре шабона ҳангоми убур намудани роҳ қариб ба зери чархи мошине монда будам. Маҳз қобилияти фавқулодаи ронанда сабаб шуду ба ман осеби калон нарасид. Ронанда аз саломатии банда пурсон шуд ва ҳарчанд гуфтам, ки хубам, бовар накард ва хост милисаро даъват намояд, вале ман худ садди роҳи ӯ гаштам. Баъди баҳси на чандон тӯлонӣ ронанда маро ба беморхона бурд ва ба нею нестони банда нигоҳ накарда табибонро розӣ кунонид, ки то субҳ бандаро ба зери назорат гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё