Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд худ боре гирифтори чунин ҳодисаҳо нашуда будам, вале аз забони ёру дӯстон борҳо шунида будам, ки ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ баъзан ронандагон аз ҷойи ҳодиса фирор мекунанд ва ё кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ҷабрдидаро ба беморхона нахобонанд, вале он шаб ман баръакси ҳамаи он гуфтаҳоро дидам. Дидам, ки ҷавонзани резапайкаре чӣ тавр аз табибон илтиҷо намуд, ки бандаро аққалан то субҳ ба зери назорат гиранд ва ронанда он шабро дар долони беморхона рӯз кард. Сари субҳ, пас аз муоинаи навбатӣ ва машварат табибон ӯро бовар кунонданд, ки ба саломатии ман ягон хатаре таҳдид намекунад ва маро ҷавоб доданд. Мижгон бандаро то пеши хонаамон бурд ва ҳамин муносибат ба шиносоии мо асос гузошт. Ҳафтае пас Мижгон занг зада аз ман хоҳиш намуд, то ӯро дар маросими тӯйи дугонааш Наргис ҳамроҳӣ намоям. Ҳарчанд мо ҳамдигарро чандон нағз ҳам намешинохтем ва агар он ҳодисаи автомобилӣ намешуд, ба гумон буд, ки ӯ ба тӯйи дугонааш чунин як инсони хаёлиеро, ки рӯйи роҳ баромада, ҷони хешро ба зери хатар гузошта, як мушкилотеро ба сари вай низ овард, ба ёд биёрад. Умуман, дар он лаҳза бе ягон андеша розӣ шудам, ки дар тӯйи дугонааш ҳамчун дӯст дар бараш бошам, бехабар аз он ки аз дӯстӣ то муҳаббат ҳамагӣ як қадам роҳ аст.
Шояд мо охирин нафароне будем, ки ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз домоду арӯс вориди толори барҳавои тарабхонаи “Яккасарой” шудем ва Мижгон ба нафароне, ки ӯро аз наздик мешинохтанду ба истиқболаш бархоста буданд, маро чунин муаррифӣ намуд:
-Шинос шавед Фирӯз.
Дар он лаҳзаҳо ҳарчанд ман дар паҳлуи Мижгон менишастам, ҳеҷ мақоми хешро нафаҳмидам, ки ӯ маро ба сифати дӯст муаррифӣ намуд ё ба сифати ошиқаш. То замоне ки шаробу кабоб наоварда буданд, ин масъала чун муаммо ба назар мерасид, вале чун созу наво дар фазои он толори барҳаво танинандоз гашт, Мижгон чанд маротиба ба не гуфтанҳои банда аҳмият надода, маро ба майдончаи рақс бурд ва бо ҳамин ба ҳамагон фаҳмонд, ки ӯ танҳо нест.

пешина
аз 527
навбатӣ