Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Вай куҷост?
- Наомадааст, - аз ҷой бархеста гуфт сардори синф.
- Шояд касал будагист?
- Намедонем.
"Дар ҳамсоякўчаи мо сўхтор ба амал омад ва нафаре ҷони хешро аз даст дод. Падарам, ки корманди авиатсияи…" - дар гўши муаллима садо дод.
Касе ба дар ангушт зад.
-Марҳамат, дароед, - аз байни андешаҳояш берун шуда овоз рӯшан кард муаллима.
Ба синфхона ҳамон духтараки пахмоқмўй бо чеҳраи кушода ворид шуда, баҳри дер монданаш узр пурсид. - Дар куҷо мегардед? - ба тарафи духтар теғи нигоҳашро гардонда пурсид муаллима.
- Дар хона каме кор баромад, - узр пеш овард толиба.
- Гузашта шин!
- Ташаккур, муаллима, дигар такрор намешавад, - гўён Бибнорои Аҳмад гузашта ба ҷояш нишаст.
- Аз хоб барвақтар хестан даркор, - гуфт муаллима ва фаҳмид, ки Бибнорои Аҳмад ба ягон ҷо нарафтааст. Рафту намеомад, фикрҳои ботиле ўро дунболгир мешуд.
- Вазифаи хонагӣ чи буд?
- Карбоҳидрогенҳои диенӣ…
Новобаста аз он ки аз лаҳзаи аввали ба синф даромадан худи муаллима салом доданро фаромўш кард, хонандагон дар нисбати рўзҳои пешин ба дарс бо тайёрии пухта омада буданд. Сабаби ҳамаи ин шояд ҳамон викторинаи дирўза буд, ки муҳаббати хонандагонро ба фанни химия бедор намуд, вале худи муаллимаро ба ҳолати парешонхотирӣ оварда буд…
- Акнун раву андеша намо!
- Андешаи чӣ?
- Андешаи он ки аз марги Фарҳод кӣ бурд мекард…
Суханони падарро ягон асос буд ё не, ў намедонист.
Бародар ҳам дар ин бора боре ба вай сухане нагуфта буд.
Фарҳод аслан чанд соле хӯҷаини мутлақи як минтақа буд ва онҳое, ки хушомадаш мегуфтанд, баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ оқибат гиребонгираш шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор