Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ба қавле ўро на пул буду на мол, пас кист оне ки…
Иброҳим сари андешаҳои бесарунӯг музтар монд. “Шояд мўйсафед чизеро медонад,” - аз дил гузаронд вай ва бо баҳонаи ба қиблагоҳаш хоби хуш орзу намудан дуюмбора ба тарафи хонаи падар рафт.
- Ҳа, боз омадӣ.
- Бале, дадаҷон, хостам пеш аз хоб каме бо шумо суҳбат намоям.
- Ман туро гўш мекунам.
- Шояд худат ягон чизро медонӣ?
- Чиро дар назар дорӣ?
- Ҳамон ҳолатеро, ки маро ба андеша намудан водор кардӣ?
- Хуш ба кадом хулоса омадӣ?
- Ба ростӣ, ягон фикре ба сарам наомад.
- Инро ман медонистам.
- Медонистеду ба ман чизе нагуфтед.
- Ақл Худодод аст, мефаҳмед?
- Аз назари шумо ман беақлам?
- Беақл будед!
- Чаро ин хел мегўед, дадаҷон?
- Ин ҷо гуноҳи шумо ҳам нест.
- Шуморо ҳеҷ фаҳмида намешавад.
- Ман шуморо нағз тарбия карда натавонистам.
- Шумо гуноҳҳе надоред, охир синну соли мо ҳам ба ҷойе расидааст.
- Фарзанд ҳамеша ба насиҳати падару модар ниёз дорад, агар синни вай ба ҳафтод ҳам расида бошад.
- Баҳс намекунам.
- Инро худат мегўӣ?
- Чӣ, ман ягон бор суханатонро ба замин мондам?
- Магар ман нагуфтам, ки “писаронам илтимос яроқ ба даст нагиред.”
- Ана, шумо дар бораи чӣ андеша доред…
“Фарзанд азиз-одобаш аз вай азизтар,” “Ҳар кӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин бадтар," "Э,-й ҷавони беадаб умрхӯрии ту як ваҷаб." Ҳамаи ҳамин панди бузургонро ман ҳамон шабу рўзе, ки шумо ба "дифои" Ватан бархестед, бароятон гуфтам ё не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор