Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Гуфтед. Дар ҳақиқат гуфтед.
- Ман, ки падар будам, ба суханонам гўш накардед ва пайрави онҳое шудед, ки то он дам сари вазифа будаву хуни мардумро макида буданд. Дар он шабу рӯз шумо з илтиҷои падарр додед, ки замоне ба хотири ишғоли вазифа модару ҳамсаронашонро аъзои ҳизби ҳоким қатра хун, ҳар тори мӯямон коммунист гуфта, соҳиби мансаб гаштанд ва дар сояи давлати бузурге савлат ронданд, вале чун рўзу соаташ омад, пушт ба сўйи он давлат гардонданд, чунки мисли ту ва Фарҳод барин ҷавонони роҳгумзадаро аз роҳ бароварда тавонистанд ва дар сояи давлати шумо барин беандешаҳо давлату савлат ронда соҳиби қасру кушкҳо гардиданд. Чун замона чун дигар шуд, боз ниқоби дигаре рӯй гирифтанд ва пушт сўйи шумо роҳгумзадаҳо гардониданду бо ҳукумат якҷо шуданд, чунки онҳо ҳамеша ниқобе аз пусти хук дар бар доранд ва дар лаҳзаи зарурӣ онро боз ба рӯй кашида, бо равиши об бел мезананд ва барои манфиати шахсиашон тайёранд Ватан он тараф истад, модари зорашонро ҳам фурӯшанд. Акнун фаҳмидӣ?
- То андозае.
- Раву андеша намо, ки кадоме аз ҳамон ниқобдорон дар марги бародарат манфиатдор аст.
Замин мекафиду ў фурў мерафт аз шунидани таънаю маломатҳои падараш осонтар буд, вале на замин кафиду на ў фурў рафт. Ҳар он чӣ падар гуфт, ҳақ буду рост, вале давру даврони чоррўза дар он шабу рўз чашми ӯ ва барода кӯру гўшҳояшонро кар намуда буд. Ба ҳамаи зорию тавалои падар нигоҳ накарда, онҳо "Калашников" гирифтанд ва боз чандин сағираи сарлучу пойлучро низ бо автомат муҷаҳҳаз намуда, замоне ҳамнишину ҳамтабақи собиқ калонҳо гаштанд ва хушомадгўии он калонҳоро, ки замоне мўйлабашонро табар намебурид дида, қабат - қабат гӯшт гирифтанд, бехабар аз он ки дўст гўяд табарвор, душман шакарвор…
*** Баъди вохўрӣ бо Дороб Қамар прокурори ноҳияи Сарчашма рост ба дафтари кориаш омад, то сари гуфтаҳои нафаре, ки баҳри собит намудани бегуноҳии хеш ба милиса омада, ба қавле худро ихтиёран ба доми оташ андохтааст, андеша намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор