Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Агар он чизҳои мекофтагии моро худи Муъминова нест накарда бошад?
  • Нест намекунад.
  • Далел?
  • Чунки ба ақидаи банда Муъминова ба собиқ ҳамсояаш дил бохтааст ва дар ҳолати муҳаббат ҳеҷ гоҳ маъшуқ гуноҳи ошиқи хешро нахоҳад дид, чунки ўро чашм кӯр асту гўшҳояш кар…
    -Афсўс, ин ҳолатро Ёсуман нафаҳмидааст.
    Кинояи прокурорро Сорбони Ҳомид нағз фаҳмид, вале сир бой надода гуфт:
  • Оллоҳ таоло бузург аст ва на ҳар кас аз имтиҳони вай хоҳад гузашт. Чун Мустафо Наим ва Ёсуман он дипломатро бо ҳаштод ҳазор доллар ёфтанд, аз Худои хеш фаромўш намуда, ба васвасаи шайтон дода шуданду ба ҷойи он ки ба Сайёд Ватан ёрӣ диҳанд, ё ҷисми сарди вайро аз мошин бароранду мардумро ба ёрӣ даъват намоянд, онҳо дипломатро гирифта, фирор намуданд ва шояд дар тақсимоти он пулҳо байнашон норозигие ба амал омаду яке хуни дигаре бирехт, то ҳаққи ўро низ соҳиб шавад. Ин корро метавонист мард анҷом диҳад, вале зан дар нисбати ў маккортар будааст…
  • Майлаш, ба муфаттиш гўед, ки қарорро дар бораи гузаронидани кофтуков дар манзили Муъминова тайёр намуда, ба назди ман биёрад, - гўён прокурор ба суҳбат нуқта гузошт.

Ҷин дар ҳолате бехатар аст, ки ў дар кўза бошад ва чун аз кўза берун ояд, вайро идора карда натавонӣ. Рафторҳои беандешонаи Фарҳод айнан афсонаи ҷинро мемонд. Ба хотири модар ў тайёр буд, ки хоҳарашро ба бевагии якумра ва ҷиянашро ба сағирагӣ ҳукм кунад.
Хушдил Одилро лозим меомад, ки ба ҳамаи ин тоқат намояд, вале тоқат ҳам меъёри хешро дорад. Баъди оне ки Фарҳод дар бораи вохўриаш бо Шамс Солеҳ ва Восит ба язнааш нақл кард, дили бе ин ҳам моломоли дарди язнааш саршори хун шуд. Хушдил Одил ҳазорон бор розӣ буд, ки Фарҳод Дороб Қамарро сари як тир қарор диҳад ва бо ин амали хайрхоҳонаи хеш язнаашро ҳам аз таъқиби якумраи вай худозада наҷот диҳад, вале Фарҳод ҳеҷ нафаҳмид, ки нафаҳмид ва ба ҷойи анҷом додани ҳамин як кори хайр Дороб Қамарро ба милиса супориданӣ шуд.

пешина
аз 527
навбатӣ