Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Чун Хушдил Одил фаҳмид, ки азми Фарҳод қатъист, беихтиёр он саҳфаи намноки зиндагиномаи хешро, ки ўро мутеи Дороб Қамар намуда буд, ба ёд овард…
Дар замоне ки Фарҳод ҳокими мутлақи як минтақа ба ҳисоб мерафт, сарҳад қариб ки соҳиб надошт. Онҳое, ки он солҳо нигоҳбони сарҳад буданд, охирин нишонаҳои Империяи Бузург буданд ва акнун шаҳрванди мутлақи дигар давлатҳо ҳисоб мешуданд. Чун дар он шабу рўз мо ба муноқишаҳои дохилии хеш банд будем, аҷнабиён сарҳади моро аз хатари беруна эмин медоштанд ва онҳо аслан аз манфиати мо дида, ба манфиати хеш нигоҳ мекарданд. Дар он шабу рўз мо ба ҳаминаш шукр мекардем, чунки медонистем сарҳад дар зери ҳимоя аст, вале ҳимоягари он кист, баҳри худи мо чандон ҳам рӯшан набуд. Рафторҳои мо аслан мақоли халқии "такка бошаду шир диҳад" - ро ба хотир меовард ва такка медонисту даву параш.
“Дузд дуздро дар шаби тор мешиносад,” - гуфтагӣ барин, рўзона сарҳадбонон дар як тарафи сангар буданду гурўҳи Фарҳод дар дигар тараф, вале шаб муносибати онҳо дигар мешуд ва Фарҳоду боз чанде аз наздиконаш меҳмони онҳое мегаштанд, ки на танҳо дар забон, балки дар дину оин ҳам аз онҳо фарқ мекарданд. Ҳарду тарафро ба сари як дастархон манфиатҳои умум меовард ва яке аз ин манфиатҳо интиқоли маводи мухаддир аз самти муқобил тавассути марз буд. Дар ин ҷода сарҳадбонон шартномаи тарафайнро бечунучаро иҷро мекарданд, агар тарафи муқобил гоҳ - гоҳ хиёнат намекард. Дар сурати вайрон накардани шартнома ва сари вақт додани ҳиссаи худи сарҳадбонон баҳри гузаронидани бор тавассути сарҳад ҳамеша роҳ кушода буд ва онро дар ”101 забони тарафайн "коридор меномиданд.
101 Коридор – мавзее, ки ҳарбиён дар масофаи чанд километр роҳро бо баҳонаи гузаронидани амалиёти ҳарбӣ аз ду самт мебанданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор