Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дороб Қамар аз долон вориди меҳмонхона шуда истода гуфт:
-Сайфиддин, мы на волоске…

  • Боз чӣ гап шуд, Шеф?
  • Худи ҳозир нафаре хабар дод, ки як дўсти қадимаи банда нияти ба милиса рафтан дорад.
  • Хабар аниқ аст?
  • Аниқ.
  • Рафту хато бошад - чӣ?
  • Сайфиддин, худат маро медонӣ. Дурусттараш, мо ҳарду якдигарро нағз медонем. Барои ҳамин ҳам гуфта истодаам, ки мо сари мўйе қарор дорем ва ҳамааш аз рӯйи шитобкориҳои худамон.
    Дороб Қамар мехост, гўяд ки ҳамааш аз шитобкориҳои ту ва Ҳусейн Акбар, вале дар лаҳзаи охир аз райъаш гашт ва худро низ дар шитобкорӣ гунаҳкор кард. Маҳз ҳамин як калима писанди Сайф Насим гашт ва ба хулосае омад, ки шеф ҳаргиз мақоми худашро аз собиқ аскаронаш боло гузоштанӣ нест.
  • Командир, охир мо аз куҷо медонистем, ки кор чунин ранг мегирад. Мо хостем ҳарчи зудтар вай лаънатиро маҷбур созем, ки дар куҷо будани он пулҳоро гуфта диҳад.
  • Шумо дар ин ҷо гуноҳе надоред. Дар ин ҷо банда гунаҳкорам, ки ба шумо дуруст фаҳмонда натавонистам, ки амалиёт бояд дар куҷо сурат гирад.
  • Не, ин ҷо гуноҳи мо бештар аст, командир.
  • Беҳтараш биё боз ба сари ҳамон масъала баргардем.
  • Ман шуморо гўш мекунам, рафиқ капитан.
  • Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтанд. Инро шумо аз ман беҳтар медонед.
  • То ба пояи шумо расидани мо…
  • Хоксорӣ накунед.
  • Бе шўхӣ мегўям.
  • Акнун банда ба худат як савол дорам, саволе ки дар он тактика ва стратегияи ҳарбиён ифода ёфтааст.
  • Гумон доред, ки ман ба он посух гуфта метавонам?
пешина
аз 527
навбатӣ