Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар хориҷи кишвар ба ин савол худат борҳо ҷавоб дода будӣ ва ҳатто ба саволи командири полк ҳам посухи дуруст гуфтӣ.
  • Майлаш, ман розӣ.
  • Банда донистан мехостам, ки беҳтарин воситаи мудофиа чист?
  • Ҳуҷум, рафиқ капитан, ҳуҷум.
  • Бале, ҳуҷум воситаи ягонаи на танҳо мудофиа, балки худи ғалаба аст. Барои ҳамин ҳам, албатта, банда худатро маҷбур намекунам, вале хоҳиш дорам, ки агар сержант Сайфиддини Насим дар худ қувва ва матонатеро ҳис намояд, бояд баҳри амон мондани сари худи мо…
  • Командир, агар банда шабу рўз сари по дар хизмати шумо рост бошам, як некии шуморо гардонида наметавонам, метавонед ба ман такя намоед.
  • Ман ҳеҷ гуна хизмате баҳри шумо накардаам, баръакс ман аз шумо қарздорам. Беҳтарин ҷиҳозе. ки дар зиндагӣ ман дарёфтам, ин дўстӣ бо туву Акбар аст.
  • Метавонед осуда бошед, баҳри бехатарии шумо мо ба ҳама супориш тайёрем.
  • Ман ин ҷо тамоми паҳлуҳои вазъи ба амаломадаро дар мизони ақл баркашидам. Нафаре, ки нияти ба милиса рафтану дафтари зиндагиномаи хешро баҳри кормандони милиса кушодан дорад, аз собиқ қумандонҳои саҳроист, ки мо тавассути вай аз хориҷи кишвар бор мегирифтем, ин як.
    Дуюм, ҳамин кумандони ақлашро гумкарда тағои Шерзод, ҳамон писарбачаи ба гаравгирифтаи мост. Сеюм, аз ниятҳои нопоки вай худи домодаш Хушдил Одил тарсида, аз мо мадад хостаст. Боварӣ дорам, ки вазъи ба вуқуъомадаро мефаҳмед?
  • Рафиқ капитан, сержант Сайфиддини Насим омодаи амри шумост.
  • Фармон медиҳам…

Ҳамид Ҷовид аз натиҷаи иҷрои амри хеш изҳори нигаронӣ намуд.

  • Шояд Ёсуман аз ягон навоҳии дигар аст? - сарвари ШКД-ро ором кунониданӣ шуда гуфт сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев.
пешина
аз 527
навбатӣ