Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ба ҳар як мусофире, ки ба мошинатон менишинад, албатта, аз нокомии хеш ҳарф мезанед ва аз вай "мадад"
    меҷўед?
  • Ба ҷони худат қасам, ки бори аввал аст, ки рози дили хеш мекушоям.
  • Бовар намекунам.
  • Ихтиёрат, акнун гап занед шуморо ба куҷо барам?
  • Ба охири кўчаи Анзоб.
  • Дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунед?
  • Ба инаш корат набошад.
  • Ба ростӣ, мо ҳамсоякўчаем, банда дар кўчаи Сурхоб…
  • Агар шумо рафтанӣ набошед, беҳтар аст фаромада ба таксии дигаре нишинам.
  • Лозим нест, - гўён ронанда муҳаррикро ба кор андохт.
  • Дар рў ба рўйи мактаб…
  • Хуб шудааст.
  • Ана, ин роҳкироятон, - гўён духтар як панҷсомонаро паҳлуи ронанда гузошт.
  • Ман бақия надорам.
  • Бақияаш ҳам лозим нест.
  • Ин хел бошад, онро бо худ гиред ва чун дуюмбора ба ҳамин таксӣ нишастед, ҳисобро яклухт баробар мекунем.
  • Гуфтам - ку, бақияаш лозим нест.
  • Агар пулатонро нагиред, банда маҷбурам, ки ҳамин ҷо шуморо интизор шуда истам.
  • Чаро маро интизор мешудед?
  • Намехоҳам, ки қарз то қиёмат монад.
  • Ихтиёратон.
  • Ташаккур. Ман ҳамин ҷо шуморо интизор мешавам.
  • Мебинем. - гўён духтар ба тарафи муқобили роҳ гузашта, ба саҳни ҳавлии мактаб ҳаракат намуд.
    Ёсуман тайи ду соати дарс чандин маротиба пеши тиреза омада, ба кўча назар кард ва таксиро дар ҷояш истода дид.
    Баъди дарс ў аз саҳни ҳавлӣ баромада, аз самти рости кўча ба тарафи ғарб ҳаракат намуд. Ронанда ҳам муҳаррикро ба кор андохта ба тарафи муқобил, яъне ба самти дигари кўча тоб хўрда, аз худи духтар сад ё саду панҷоҳ метр гузашта, сипас таксиро боздошт.
пешина
аз 527
навбатӣ