Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Духтар чун бо таксӣ баробар шуд, яку якбора чор - панҷ қадам ба тарафи мошини рўйи роҳ истода гузошта, ин даъфа дари қафои мошинро кушоду ҷисми хешро дохили он гирифта гуфт:
- Ин коратон хуб не.
- Кадом корам?
- Аз он чи ки шумо дар рў ба рўйи мактаби мо истодаед.
- Маро ба ҷуз интизорӣ дигар чорае нест.
- Наход?
- Бовар намоед.
-Танҳо бандаро бовар накунонед, ки барои баргардонидани бақияи пул истодаед. - Не, албатта.
- Набошад, ин ҳама интизориҳоро мақсад чӣ буд?
- Элак баҳонаю…
- Дидор ғанимат гўед?
- Бале. Биё ба барам…
- Боз чӣ?
- Туро бар барам…
- Зид нестам, бар бошад рафтем бар
- Хуб шудааст, ҷони ширин.
- Гуфтам - ку ин хел суханҳоро нагўед.
-Чӣ гўям, модоме ки ман то кунун номи шуморо намедонам.
-Инаш ҳам гуноҳи ман аст?
-Ҳа, дар воқеъ номи ман Мустафо, ронандаи ана ҳамин ароба, рақами давлатиаш 94-61.
-Ёсуман, муаллимаи фани кимиё…
Ширин, ширин,
Ширин шоме саҳар шуд.
Ширин, ширин,
Ширин афсона сар шуд…
-Ёсуман, ана ҳамон зане, ки ба сўйи мо наззора дорад, дугонаи Гулноз аст, - боре ўро ҳушдор сохт Мустафо ва ӯ сар ба зер афканд. - Номаш Озода.
Дар ҳамсоякўчаи мо…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор