Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бо сару савдои хеш ба милиса омад, бехабар аз он ки милиса ба ягон суханаш бовар намекунад, зеро ба ў баринҳо бовар кардан ин баробари он аст, ки чўпон бо гург забон як намояд.
Сорбони Ҳомид дар кўчаҳои шаҳр қадам зада, сари он далели хурдакаке, ки байни саҳфаҳои китоби Лев Толстой панаҳ бурда буд, андеша намуд. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чи тавр марде чун Дороб Қамар ба чунин як хатои ҷиддӣ роҳ додааст.


Баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи муфаттиш сарназоратчии қонун ба ширкати "Вавилон- Мобайл" занг зада, худро муаррифӣ намуду мақсадашро баён кард.

  • Бе дархости расмӣ, ширкат ҳуқуқи кушодани асрори онҳоеро, ки аз хизмати "Вавилон-Мобайл"истифода мебаранд, надорем, - хабар додааст намояндаи ширкат.
    Соате пас ў ба мактуби расмии интишоршуда имзо гузошт, вале чун офтоб ба ғуруб мерафт, аз фиристодани он худдорӣ намуд.
    Асад Ғанӣ тайи ин як рўзи дароз чандин вохўриҳоро бо шаҳрвандон анҷом дод ва аз ҳама хотирмонаш ин вохўрӣ бо Муъминова буд. Прокурор аз суҳбати хеш бо Муъминова ба хулосае омад, ки ҷавонзан бозичаи дасти Дороб Қамар гардидаст ва баҳри кушодани чашми ў ба ҳақиқат хеле вақт лозим.
    Имрўз сари ду муҳаббат Асад Ғанӣ бо бачаи боба сари баҳс қарор дошт. Дар нисбати муҳаббати Ҷамила бо Дороб Қамар, муҳаббати Ёсуман низ мавриди баҳси ду уқоби тафтишот қарор гирифту хотироти дигареро рўйи саҳна овард. Ҷамила пойбанди муҳаббат гашта, ба дифои нафаре омад, ки эҳтимол дастҳояш то оринҷ ғарқи хун буданд, вале Ёсуман ғуломи нафс гашта аз муҳаббат чашм пушид ва бо макру ҳилла ошиқи нокомро ба коми оташ тела дод…
    Занги телефон садо доду ў гўшакро бардошт.
    -Домулло, агар малоли хотиратон наояд, як ба милиса меомадед.
  • Хуб шудааст, - гўён ў гўшакро ба ҷояш гузошту сари даъвати Ҳамид Ҷовид ба андеша рафт, вале мавҷи андешаҳо чун мавҷи дарёи пуртуғён ўро ба соҳил партофт, ба соҳиле, ки вайро на сар асту на бар, чун биёбони бесару нўг.
пешина
аз 527
навбатӣ