Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Асад Ғанӣ дар кадом вазъ қарор доштани хешро ба ёд оварду аз ҷой бархест.
- Ман ба милиса рафтам, - муфаттишро дар долони дароз дида гуфт ў.
- Ягон ҳодиса рух дод?
- Намедонам.
- Ман чӣ кор кунам? - пурсид Фирдавси Ҳаким, ки Асад Ғаниро бори аввал дар чунин ҳолат медид.
- Агар навбатдор набошед, метавонед ба хона равед,- гўён прокурор ба тарафи дари баромадгоҳ ҳаракат кард…
- Хайрият меомадед, - прокурорро дида ба истиқболаш бархест сарвари ШКД.
- Магар таклифи шуморо рад кардан мумкин аст?
- Намедонам.
- Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин даъвати таъҷилиро сабаб чист?
- Мехостам нуқтаи назари шуморо дар бораи собиқ командири гурўҳи "Сипар" фаҳмам.
- Вай ба ман маъқул нашуд.
- Ин ҷавоб нест.
- Ба андешаи банда ў дар куштори Фарҳод Замир даст дорад.
- Далел ҳаст?
- Ба таври ростхата не, вале агар мо, ба қавли бачаи боба, аз як гиребон сар барорем…
- Барои ин ягон монеае ҳаст?
- Нест.
- Қувваи мушт дар мутаҳидии ангуштон аст…
- Медонам.
- Набошад, ман як хоҳиш доштам.
- Гўшам ба шумо.
- Ба андешаи банда Дороб Қамарро сар додан лозим.
- Чӣ хел сар додан лозим?
- Ҳамин хел одӣ.
- Ба кадом хотир?
- Чунки гуноҳи вайро дайн намудан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор