Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Модоме ки мо гуноҳи вайро дайн карда натавонем, пас ў бегуноҳ аст, ё гапам нодуруст?
- Мо бояд гуноҳи вайро тайи ин се шабонарўз, ки қонун баҳри мо ҷудо намудааст, дайн намоем.
- Гуфтам - ку ин ба гумон аст.
- Яъне, шумо ба натиҷаи мусбии кор чандон боварӣ надоред?
- Ман андешаҳоямро гуфтам. Чун мо дар айни ҳол нисбат ба Дороб Қамар далели шайъии дурусте надорем, бояд ўро сар диҳем ва аз қафояш назорат барем. Албатта, чунин амал таваккал аст, вале набояд аз хотир барорем, ки Дороб Қамар худаш ихтиёран ба милиса омадааст, то дараҷаи бегуноҳии хешро собит созад. Мо бояд тарзе рафтор намоем, ки ў ягон чизро пайхас накунад. Чун мо ба боварии вай даромадем, ў худаш ба хатое роҳ медиҳад.
- Бо Муъминова чӣ кунем?
- Муъминоваро аз ҳисоби ҷойи кораш ба рухсатии хизматӣ мефиристем.
- Пас ў чӣ тавр метавонад вориди хонаи Ҷамила Холмуродовна гардад.
- Мо ба вай фаҳмонда медиҳем, ки Дороб Қамар гуноҳе надорад ва ўро озод мекунем. Дар навбати хеш фишанги дигареро зер мекунем, то ҳарчи зудтар Муъминоваро ба рухсатии хизматӣ фиристанд. Рафти ин амалиётро мо худамон назорат хоҳем кард.
- Бо симкорт чӣ кунем?
- Онро мо бояд илоҷе намуда, ба ҷояш гузорем, аминам аз кадом саҳфаи китоб гирифтанашро фаромўш накардаанд.
- Не.
- Набошад, мо мунтазири дуои шумоем?
- Омин…
Сардори комбинати хизмати маишӣ аз талаби кормандони милиса ҳайрон шуда пурсид:
- Чӣ хел рухсатии хизматӣ?
- Ҳамин хел одӣ, Муъминоваро ба ягон ҷо фиристодан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор