Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Мо, албатта, гуноҳи вайро дайн мекунем. Тафтишот дар давоми ду шабонарўзи дигар тамоми далелҳои гуноҳкории Дороб Қамарро рўйи саҳна хоҳад баровард.
- Аз кадом ҳисоб?
- Аз ҳисоби ҳамон далели шайъии хурдакак.
- Ин ғайри имкон аст?
- Чаро ғайри имкон будааст, ман ба номи ширкати "Вавилон-Мобайл" мактуби расмӣ тайёр намудам. Фардо субҳ онро мефиристам.
Мо бошем, бе мактуб он рақамро санҷида баровардем.
Дар компютер сабти овози Дороб Қамар ва онҳое, ки бо вай дар тамос буданд, нест. - Чӣ хел нест?
- Ҳамин хел одӣ. Аз рўйи реҷаи кории ширкати сабти овоз дар лентаи магнитӣ на беш аз се шабонарўз нигоҳ дошта мешавад…
- Сабти овоз ҳам набошад, вале бо кадом рақам дар тамос будани вайро муайян кардан мумкин аст.
- Ба ин савол ҳам мо аллакай ҷавоб гирифтем. Се занг аз телефон автомати кўчаи Н. Қарабоев дохил шудааст. Як занги баромад бо телефони рақами 95-162-38… Телефони мазкур ба номи Зафари Аҳрор истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб номнавис шудагӣ. Мо тариқи телефакс аз ҳамкасбони варзобиамон баёноти собиқ соҳиби телефонро гирифтем.
Марҳамат шинос шавед, - гўён Ҳамид Ҷовид коғази сафедеро ба дасти прокурор дод.
Баъди шиносоӣ бо нишондоди шаҳрванд Зафари Аҳрор, Асад Ғанӣ сари андеша рафт… - Чаро хомўш шудед?
- Чӣ гўям?
- Мо ба ёрии шумо умед баста метавонем?
- Албатта…
- То кадом андоза?
- Чун дар муҳлати муқараркардаи қонун мо гуноҳи вайро дайн карда наметавонем.
- Дар он сурат мо аз худи Дороб Қамар миннатдор мешавем.
- Аз ҷинояткор?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор